ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҷамоати деҳоти Сангтӯда бинои шуъбачаи милитсия ифтитоҳ ёфт

Апрель 17, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 17.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои шуъбачаи милитсияи деҳоти «Сангтӯда»-и Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара ифтитоҳ ёфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бинои мазкур  аз як ошиёна иборат буда, дорои 5 ҳуҷраи кории муосир бо тарҳи замонавӣ мебошад. Он бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки барои фаъолияти кормандон мусоид мебошад.
Ҳамчунин дар бинои навбунёд толори барҳаво бо 20 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст, ки барои гузаронидани ҷамъомад хеле мувофиқ мебошад. Дар шуъбача 11 нафар кормандон фаъолият мекунанд.
Атрофи бинои мазкур чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, дар он гулу буттаҳо ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.

Бинои мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ  бунёд гардида, зимни ифтитоҳи он  муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода иштирок намуд.

Бароталӣ Ҳамидзода ҳайати шахсии шуъбачаро ба муносибати ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавӣ самимона табрик намуда, иброз дошт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, дар ҷавоб ба дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои олии Ватан ба халқи худ хизмат намоянд.

Апрель 17, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд