ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҷамоати деҳоти Сомони Ҳисор беш аз 5 км роҳ мумфарш гардид

Апрель 15, 2021 08:40

ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Мортеппаи Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор ба иқдоми ватандӯстона даст зада,  беш аз 500 метрро роҳро бо паҳноии 5-6 метр аз шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода то маркази деҳа мумфарш намуданд. Роҳсозон ин амали некро бо истифода аз техникаву механизмҳои пуриқтидор анҷом доданд, ки он ба кӯчаи деҳа ҳусни нав бахшид.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Иқдоми мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор эълон шудани соли 2021 чун Соли роҳҳои обод бо амалҳои ояндасози ҷавонмардони бонангу номус ва дастгирии аҳолӣ анҷом дода шуд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар деҳот ба ин мавзеи мардумаш сарҷамъу ободкор омад. Сокинони деҳа ба раиси шаҳр аз оғози иқдоми неки пешгирифтаашон- мумфаршкунии роҳҳо, тоза сохтани кӯчаю ҷӯйборҳо ва шинонидани гулу ниҳолҳо хабар доданд.

Қобили зикр аст, ки сокинони деҳаи Мортеппа дар Ҷамоати деҳоти Сомон яке аз пешсафони иқдомҳои бунёдкорӣ буда, барои ободонии деҳа садоқатмандона камари ҳиммат бастаанд. Онҳо дастаҷамъона ба ҳашар баромада,  атрофи деҳаро, ки дар баландӣ ҷойгир аст, бо санг девор бардошта, бехатар гардониданд. Ҳамчунин чанде қабл симчӯбҳои фарсударо бо пояҳои бетонӣ иваз  ва хатҳои барқро пурра таъмир намуданд. Фаъолони деҳа дар идомаи корҳои ободонӣ тасмим гирифтаанд, ки бинои бунгоҳи саломатӣ бунёд намуда, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди истифода қарор диҳанд.

 

 

Апрель 15, 2021 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад