Ба Китобхонаи оммавии Хатлон 48 қуттӣ китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Китобнома» супорида шуд
БОХТАР, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 48 қуттӣ китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Китобнома» 19 апрел ба Китобхонаи оммавии ба номи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар Бохтар супорида шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Зулайхо ҒОИБОВА.
Китобҳоро Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳадя карданд.
Ҳар бастаи китобҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳашт ҷилд иборат мебошад.
Қобили зикр аст, ки «Китобнома» -и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нашриёти «Ирфон» таҳти роҳбарии академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сифати баланд интишор ёфтааст. Мураттиби китобҳо Шариф Комилзод ва муҳаррири онҳо Моҳира Акобирова мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






