Дар ҷануби Тоҷикистон ба соҳибкорон ва кишоварзон тарзи дурусти барои содирот омода кардани маҳсулотро мефаҳмонанд

Апрель 22, 2021 09:33

БОХТАР, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон мавсими содироти маҳсулоти кишоварзӣ оғоз меёбад ва бинобар ин, дар байни соҳибкорон ва кишоварзон чорабиниҳо ҷиҳати шарҳ додани меъёрҳои дурусти нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва муҳофизати маҳсулот, аз ҷумла пиёз, лимӯ, ангур, харбуза, олу, гелос, олуболу, зардолу, чормағз ва меваҳои хушк аз вайроншавӣ гузаронида мешаванд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

21 апрел дар шаҳри Бохтар бо иштироки доираи васеи соҳибкорон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва коршиносон машварат  баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ содироти молу маҳсулот тағйир ёфта, талаботи худро дорад ва содиркунандагони тоҷик низ бояд онҳоро иҷро кунанд.

Бо вуҷуди хуруҷи коронавирус соли 2020 Тоҷикистон муваффақ шуд, ки содироти амвол, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзиро афзоиш диҳад.

Сардори Маркази идоракунии сифат дар вилояти Хатлон Мирзоравшан Қобилов шарҳ дод, ки сифати маҳсулоти кишоварзиро ба ҳадди баланд расонидан зарур аст, чунки бинобар паст будани сифат зарар метавонад зиёд ва шумораи харидорон кам шавад. Маҳсулот бояд аз ҷиҳати экологӣ бехатар бошад. Танҳо бо риояи тамоми стандартҳои зарурии байналмилалии сифат ба натиҷаҳои назарраси содиротӣ ноил шудан мумкин аст.

Ба ҳамаи иштирокчиён дастурамалҳо оид ба тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва омода кардани маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ дода шуданд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 22, 2021 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд