Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 18.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Озмун 25 апрел ҷамъбаст гардида, ғолибон ба даври дуюм, ки дар шаҳри Бохтар доир мегардад роҳхат мегиранд.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмуни мазкур донишҷӯёни факултетҳои физика, математика-информатика, алгебра, геометрия ва технологияи иттилоотӣ, факултети химия ва биология аз руйи номинатсияи химия, биология ва география ва факултети техникӣ – технологӣ аз руйи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок намуда, савияи дониши худро месанҷанд.
Дар озмун мутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Самариддини Ҷамолӣ, декани факултети физика Мурод Холмуродзода ва устодони факулта иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории озмуни амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақик, ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), ва иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғӣ маърифат» арзёбӣ гардид.
Акс аз Донишгоҳи давлатии Бохтар








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






