Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба Нақшаи кории муштараки ЮНДАФ доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои СММ — аъзои Гурӯҳҳои натиҷавии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба Нақшаи кории муштараки ЮНДАФ барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷаласаро Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу ҳамраисӣ намуданд.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои назарраси рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро бо таҳлилҳои ҳаматарафа зикр намуда, самтҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои соли 2021 ва ҳафт соли минбаъда муайян намуданд.
Аз ҷумла, давоми солҳои 2016-2020 дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои СММ ва дигар шарикони рушди кишвар рушди миёнасолонаи ММД дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуда, тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ Тоҷикистон ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид. Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 маротиба ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба афзоиш ёфтанд. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 31 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 69 фоиз кам гардид.
Соли 2020 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ таҳия ва қабул гардид.
Дар натиҷа соли 2020 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи 4,5 фоиз ба вуҷуд овард. Инчунин соли 2020 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти озуқа ба 28,3 фоиз нисбат ба соли 2019 ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуда, ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд.
Буҷети ЮНДАФ барои маблағгузории соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ беш аз 363 млн. долларро ташкил медиҳад.
Оҷонсиҳои СММ, дигар шарикони рушд, ташкилоти ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти марбутаи давлатӣ кумаки худро ба системаи тандурустӣ барои мубориза бо КОВИД-19 равона намуданд ва як қисми маблағҳои пешнибишудаи Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон равона карда шуд.
Роҳбарони намояндагиҳои оҷонсиҳои СММ, аз ҷумла Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта, Роҳбари Намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзӣ Олег Гучгелдиев ва дигарон натиҷаҳои фаъолияти муштарак вобаста ба амалигардонии Барномаи ЮНДАФ, ислоҳоти СММ, Барномаи фарогири иҷтимоӣ-иқтисодии вокуниш ба пайомадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии COVID-19, Нақшаи кории муштарак барои солҳои 2021-2022 нақшаи минбаъда барои арзёбии ЮНДАФ 2016-2022 ва тарҳрезии Чаҳорчӯбаи нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026 муаррифӣ намуда, вобаста ба ин масъалаҳо мубодилаи афкор ва таклифҳои судманд пешниҳод гардид.
Намояндагони шарикони рушд ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии гузаронидаи Ҳукумати ҷумҳуриро бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалияти стратегӣ натиҷабахш арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати афзоиш додани кумаку дастгириҳои худ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ баён доштанд.
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Кумитаи муштараки роҳбарикунанда вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилаи босамар бо оҷонсиҳои СММ омодагӣ изҳор гардид.
АКС аз сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо








РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид






