Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни баррасии масъалаи аввали рӯзнома раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода иброз намуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҷиҳати такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва дар ин васила мусоидат намудан барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун, дар маҷмӯъ мукаммал шудани Кодекс ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ таҳия шудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкур аз 2 модда иборат буда, тибқи моддаи 1 ба 4 моддаи Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо, ки хусусияти танзимкунанда ва мутобиқкунанда доранд, пешбинӣ гардида, минбаъд шахсоне, ки нисбат ба онҳо амали оинномаҳои интизомӣ ё қоидаҳои махсуси интизом татбиқ мегарданд, барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Тибқи қисми 4 моддаи 1 лоиҳа моддаи 481 (риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим) такмил дода шуда, аз ҷумла санксияҳои қисмҳои 1, 2 тағйир ва қисми 2 моддаи мазкур дар таҳрири нав ифода карда мешавад.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавиро ба аъзои Шӯро муаррифӣ намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавӣ 31 майи соли 2019 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12апрели соли 2021 ба кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Созишномаи зикршуда аз дебоча ва 17 модда иборат буда, бо мақсади иҷрои муқаррароти Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг аз 15 майи соли 1992, Созишнома дар бораи таъсис додани Шӯро оид ба ҳамкории фарҳангии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 26 майи соли 1995 (дар таҳрири Протокол аз 18 октябри соли 2011), Созишнома оид ба ҳамкории гуманитарии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фарҳанг аз 19 майи соли 2011, ки барои солҳои минбаъда ва чорабиниҳои мушаххас ба нақша гирифта шудааст, ба имзо расидааст.
АКСҲО: сомонаи Маҷлиси намояндагон








Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд






