Дар Суғд озмуни вилоятии «Турсунзодахонӣ» доир мешавад

Апрель 8, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва дастгирии Раёсати маорифи вилоят байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмуни вилоятии «Турсунзодахонӣ» баргузор мегардад.

Тавр аз шуъбаи иттилоот ва таҳлили Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмун дар се давр: мактабӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ баргузор мегардад.

Дар озмун тамоми хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аъзои маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят, новобаста аз синну сол ҳаққи иштирок доранд. Озмун дар 3 бахш баргузор мегардад.

Даври вилоятии озмун 1 май дар Муассисаи давлатии «Мактаб барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд» ба нақша гирифта шудааст. Ғолиби асосии озмун бо Шоҳҷоиза ва туҳфаи арзишманд қадршиносӣ мешавад.

Апрель 8, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид