ДДМИТ дар омода намудани иқтисодчиён дар Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Эҳдо ба Рӯзи иқтисодчиён

Апрель 8, 2021 16:01

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи иқтисодчиён таҷлил мегардад. Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми арзанда гузошта, дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум нақши калидӣ мегузоранд. Ин дар ҳолест, ки зарфи ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 46 миллиард сомонӣ ба 83 миллиард, ҳаҷми умумии даромади буҷет 2,5 баробар, даромади пулии аҳолӣ 3 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2 баробар афзоиш ёфтааст. Дар омода намудани мутахассисон ва кормандони блоки иқтисодии кишвар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нақши муассир мегузорад. Дар робита ба Рӯзи иқтисодчиён хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА бо Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло ХАЙРЗОДА суҳбат анҷом дод.   

АМИТ «Ховар»: Лутфан бигӯед, ки таҷлили Рӯзи иқтисодчиён дар мамлакат аз куҷо сарчашма мегирад?

Шукрулло Хайрзода: Рӯзи иқтисодчиён, ки ҳамасола 8 апрел таҷлил мегардад, ин ифодаи рамзии иҷрои кӯшишу ғайрати иқтисодчиёни мамлакат дар самти таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар мебошад. Асосҳои ҳуқуқии баргузории ин ҷашн аз 2 августи соли 2011 дар Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» муқаррар гардидааст, ки ҳамасола 8 апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиёни мамлакат таҷлил мегардад. Рӯзи иқтисодчиён ҳамчун ҷашни касбӣ ва соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар қаламрави кишвар ҷашн гирифта мешавад. Барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллии мамлакат ва иқтисодчиёне, ки фаъолият менамоянд, дар ин самт заминаҳои гуногун вуҷуд доранд. Заминаҳои ташаккули иқтисодиёти миллии кишварро метавон ба 3 гурӯҳ- заминаҳои ҳуқуқӣ,  иқтисодӣ ва ташкилӣ ҷудо намуд.

Маҳз бо саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодиёт ва бахшҳои алоҳидаи он заминаҳои пайдоиш касб намуданд. Қабул ва тасдиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии ташаккул ва густариши муносибатҳои иқтисодӣ боис гардид, ки иқтисодиёти миллии кишвар дар маҷмуъ асосҳои ҳуқуқӣ пайдо намуд. Инчунин заминаҳои иқтисодӣ ва ташкилии ташаккул ва рушди иқтисодиёти муосир, ки ҷанбаҳои назариявӣ ва методологии он баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ беҳтар карда шуданд, ба он оварда расонид, ки фаҳмиши иқтисодиёт ва бахши молиявии он, инчунин мавқеи мутахассисони соҳавӣ боло бардошта шуд.

АМИТ «Ховар»: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар омода намудани иқтисодчиён- мутахассисони варзида барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва молияи мамлакат чӣ ҷойгоҳ дорад?

Шукрулло Хайрзода: ДДМИТ дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси тахассусӣ ва соҳавӣ ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар миқёси ҷумҳурӣ мавқеи устувор касб намудаааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ то имрӯз ДДМИТ яке аз муассисаҳои таълимие мебошад, ки  мутахассисони соҳаҳои иқтисоди миллиро аз рӯи ихтисосҳои бахши иқтисодиёт ва молия бо ҳамбастагии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ки муассиси донишгоҳ ба ҳисоб меравад, омода месозад. Дар баробари ин, байни ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ робитаи устувори доимӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорону донишҷӯён ва таҳкими густариши муносибатҳо бо дигар муассисаҳои таълимӣ, чӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он, инчунин бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, назири Россия, Украина, Беларус ва баъзе давлатҳои Аврупо мавҷуд аст.

Олимони донишгоҳ дар тӯли фаъолияти касбии худ тавонистанд бо навиштани мақолаҳои илмӣ, чопи монографияҳо, дастурҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо намоянд.

АМИТ «Ховар»: Соли гузашта ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ба кадом дастовардҳои назаррас ноил гардид?

Шукрулло Хайрзода: Соли сипаришуда, новобаста аз мушкилоти фарогире, ки дар пасманзари пандемияи ҷаҳонӣ ба вуҷуд омаданд, мо тавонистем ба мақсадҳои гузоштаи худ ноил гардем. Аз ҷумла, се ихтисоси донишгоҳро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, соҳиби сертификат гардидем. Дар баробари ин донишгоҳ аз ҷониби ташкилоти аккредитатсионии ЕККА (Ҷумҳурии Эстония) аз аккредитатсияи институтсионалӣ гузаронида шуд. 25 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дифоъ намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти устодони донишгоҳ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи байналмилалии шомили пойгоҳи SKOPUS нашр гардиданд. Татбиқи ду Лоиҳаи грантӣ, ки аз ҷониби барномаи Эразмус + (Иттиҳоди Аврупо) маблағгузорӣ мешавад, оғоз шуд. Ҳар ду Лоиҳа дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, яке ба омода кардани кадрҳо дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ва лоиҳаи дуюм ба густариши равандҳои рақамикунонии иқтисодиёт бахшида шудааст. Аз ҷониби устодони донишгоҳ 89 мавод, 18 китоби дарсӣ, 29 монография, 38 васоити таълимӣ ва 4 дастури методӣ ба нашр расидаанд.

АМИТ «Ховар»: Роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати тақвияти пойгоҳи моддию техникии ДДМИТ, баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён ва забондонии онҳо чӣ тадбирҳо меандешад?

Шукрулло Хайрзода: Айни замон  дар донишгоҳ 2000 таҷҳизоти навъи гуногуни технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла, 888 адад компютер, 124 адад ноутбук, 241 адад принтерҳои навъи гуногун, 369 адад UPS, 13 WiFi-роутер, 42 проектор, 23 тахтаи электронӣ, 9 планшети деворӣ, 12 экрани банерӣ, 1 адад барномаи зиддивирусии литсензионӣ барои 400  компютер, 1 баста барномаи таълимии 1С бухгалтерӣ мавҷуд аст.

Дар донишгоҳ 10 синфхонаи компютерӣ, аз ҷумла, 2 маркази интернетӣ бо 2 китобхонаи электронӣ фаъолият доранд. Соли ҷорӣ 1 синфхонаи компютерии дорои 20 адад компютерҳои замонавӣ (моноблок) ба истифода дода шуд. Танҳо соли гузашта 50 адад моноблок, 29 адад ноутбук, 12 адад проектор Epson, 4 адад тахтаи электронӣ бо таҷҳизоташ (проектор, ноутбук),  12 адад, стабилизатор (UPS), 14 адад принтерҳои 3/1 Canon MF3010, 2 адад видеокамераи назоратии LTP харидорӣ шуданд.

АМИТ «Ховар»: Донишгоҳ бо мақсади бо ҷои кор таъмин намудани донишҷӯён- мутахассисони оянда бо кадом вазорату идораҳои давлатӣ ҳамкории зич дорад?

Шукрулло Хайрзода: Масъалаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон таҳти таваҷҷуҳи доимии раёсати донишгоҳ қарор дошта, дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон ва ҷаласаҳои раёсат пайваста мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешаванд.

Тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетии донишгоҳ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оид ба тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон тасдиқ карда шудааст, ки дар асоси шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва 137 вазоратҳо, муассисаҳои бонкӣ, молиявӣ, корхонаву идораҳои давлатӣ ва ташкилоти хусусӣ амалӣ карда мешавад.

АМИТ «Ховар»: Қонуни миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар донишгоҳ дар кадом сатҳ амалӣ мегардад ва оё дар ин замина ҳамкории донишгоҳ бо волидайни донишҷӯён ба роҳ монда шудааст?

Шукрулло Хайрзода: Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ниҳоди ҷамъиятии Шӯрои волидон мавҷуд аст, ки ҳамоҳангсози фаъолияти он Раёсати корҳои тарбиявӣ мебошад. Татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъалаест, ки ба самти фаъолияти раёсати корҳои тарбиявӣ ва Шӯрои волидон марбут аст. Бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявӣ ва Шӯрои волидон давоми соли таҳсили 2020-2021 дар сатҳи донишгоҳ 6 маротиба ҷаласаи Шӯрои волидон баргузор карда шуд, ки зимни баргузории ин ҷаласаҳо масъалаҳое, ба монанди нақши волидон дар ҷараёни фаъолнокнамоии донишҷӯён, механизми пешбурди корҳои инфиродӣ баҳри худташаккулдиҳии донишҷӯён, пешгирии донишҷӯён аз кирдорҳои дорои хусусияти  ҳуқуқвайроннамоиву ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Давоми соли таҳсил 9 маротиба вохӯриҳои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг бо донишҷӯёни донишгоҳ доир карда шудаанд, ки дар ин вохӯриҳо масъалаи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АМИТ «Ховар»: ДДМИТ бо донишгоҳҳои иқтисодии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ мондааст?

Шукрулло Хайрзода: Байналмилаликунонии таҳсилот аз ҷумлаи самтҳои калидии фаъолияти донишгоҳ мебошад. Бо ҳамин мақсад айни замон донишгоҳ бо зиёда аз 117 донишгоҳ ва ташкилоти хориҷӣ ва дохилӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Дар заминаи ҳамин қарордодҳо ҳамасола мубодилаи академӣ, чорабиниҳои гуногуни илмию таълимӣ ва сафарҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд. Ҳамчунин лоиҳаҳои грантӣ ва таҳияи маводи илмию таълимӣ низ дар доираи ҳамин қарордодҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Масалан, 176 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар доираи барномаи мубодилаи академӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ сафарбар карда шуда, инчунин яке аз аввалинҳо шуда, мо ба донишгоҳ донишҷӯёни хориҷиро аз Қазоқистон ва Ӯзбекистон даъват намудем, ки ин таҷрибаи нодир аст. Дар ин самти ҷалби профессорон барои хондани лексия аз тарафи донишгоҳ, такмили ихтисоси устодон ҳамчунин иштирок ва маърӯза намудан дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд, ки теъдоди иштироккунандагон ба 88 нафар мерасад.

АМИТ «Ховар»: Дар донишгоҳ донишҷӯёни хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд?

Шукрулло Хайрзода: Дар Донишгоҳ айни ҳол 900 донишҷӯи хориҷӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Россия дар гурӯҳҳои  рӯзона ва фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

АМИТ «Ховар»: Донишгоҳ аз рӯи чанд ихтисос мутахассис омода месозад ва оё вобаста ба иқтисоди рақамӣ  бахш ё факулта амал менамояд?

Шукрулло Хайрзода: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар 6 факултет аз рӯи 41 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ мутахассисонро ба бозори меҳнат омода менамояд. Аз ҷумла, дар факултаи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ихтисоси иқтисоди рақамӣ амал мекунад, ки мутахассисонро тибқи талаботи замони муоссир тайёр менамояд.

АМИТ «Ховар»: Имсол мардуми Тоҷикистон 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. ДарДонишгоҳ корҳои созандагӣ, бунёди биноҳои таълимӣ ва дигар инфрасохтор дар кадом сатҳ аст?

Шукрулло Хайрзода: ДДМИТ тибқи нақшаи кории тасдиқгардида баҳри ободу зебо гардонидани атрофи таълимгоҳ, саҳни он, хобгоҳҳо ва дигар иншооти ба он вобаста фаъолият намуда истодааст. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободкорӣ ва сабзазоркунӣ  бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз ва ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён пайваста ҳашарҳои дастаҷамъӣ гузаронида мешаванд, ки он барои ободонии як гӯшаи диёр мусоидат мекунад. Барои боз ҳам зебо ва хуррам гардонидани атрофи биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ беш аз 22 000 дона гулҳои лола ва 34 дона буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд.

Дар назди донишгоҳ сохтмони бинои таълимии панҷошёна оғоз гардида, алҳол корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюми он идома доранд. Барои тозаву озода гардонидани биноҳои таълимӣ, саҳни ҳавлӣ ва атрофи муассисаи таълимӣ, кӯчаву хиёбон ва қитъаҳои муайяне, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба муассисаи таълимӣ вобаста карда шудаанд ва 14 бинои  истиқоматии  шаҳраки Гипрозем бо иштироки ҳайати омӯзгору кормандон ва донишҷӯён берун аз машғулияти дарсӣ ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил намуда, барои дар ҳолати хуби экологӣ нигоҳ доштани муҳити зист ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Умед аст, ки ин ҷашни таърихиро ҳайати устодону донишҷӯёни ДДМИТ бо дастовардҳои назаррас  истиқбол менамоянд.

Апрель 8, 2021 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишномаи молиявӣ оид ба гузариши «сабз» тавассути таъсиси занҷираи арзиши иловашудаи пахта ба имзо расид
Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод
Ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд
Дар шаҳри Ҳисор дар майдони беш аз 7500 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»
Аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид шудааст
Кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 75 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»