Донишгоҳи техникии Тоҷикистон узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ гардид

Апрель 22, 2021 11:17

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ шаҳодатномаи узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ-ро ба даст овард. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои  техникӣ, дотсент Шаҳриёр Саъдулозода иттилоъ дод.

Ба гуфти муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ,  аз моҳи феврали соли равон барои шомил гардидан ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ  Раёсати донишгоҳ ҳуҷҷатҳои заруриро  пешниҳод намуд. 19 апрел аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ, ректори Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Н.Э.Бауман А.А. Александров ба унвони ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, профессор Қудрат Давлатзода  номаи шодбошӣ  бо замимаи шаҳодатномаи узвият равон карда шуд.

«Қабул шудани донишгоҳ ба ин ассотсиатсия имкон медиҳад, ки дар баробари рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ равобити байналмилалӣ бо муассисаҳои олии хориҷ аз мамлакат тавсеа ёбанд»,- гуфт Шаҳриёр Саъдуллозода.

Мавсуф иброз намуд, ки барои шомил гардидан ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии кишварҳои ИДМ нашри мақолаҳои илмӣ, шумораи патенту ихтироъкории олимони барҷастаи донишгоҳ ба назар гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки соли равон ба таъсиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик Муҳаммад  Осимӣ 65 сол пур мешавад. Донишгоҳи мазкур бо иқтидори бузурги кадрӣ ва моддию техникӣ дар самти омода кардани  кадрҳои муҳандисию техникӣ ва иқтисоддонҳои соҳавӣ мавқеи калидӣ дорад.

Дар ин муассисаи олӣ  аз рӯи самтҳои энергетика, технологияҳои инноватсионӣ, иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёту роҳсозӣ, иқтисодиёти соҳавӣ муҳандисон,  технологҳо ва менеҷерони соҳавӣ  омода карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо зиёда аз 120 муассисаи таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмию таълимии 30 мамлакати ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Донишгоҳ соҳиби таҷрибаи калони ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои таълим ва илм буда, узви фаъоли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои бинокории ИДМ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои меъмории ИДМ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии Осиёи Миёна, Урал ва Сибир, Ассотсиатсияи байналмилалии таълимии автомобил ва роҳ, инчунин узви комилҳуқуқи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (УШОС) мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии ИДМ соли 1993 бо ташаббуси донишгоҳҳои пешбари Россия дар бахши донишгоҳҳои техникии ассотсиатсияи Донишгоҳи Авруосиё таъсис дода шудааст. Ассотсиатсия бо 114 донишгоҳи тадқиқотӣ ва 30 донишгоҳи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Молдова ва Украина ҳамкорӣ менамояд.

 Аксҳо аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Апрель 22, 2021 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад