КМИР: Интихоботи миёнадаврии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид

Апрель 19, 2021 14:10

ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  19 апрели соли 2021 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи комиссия баргузор шуд.

Тавре аз  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар он масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16, Деваштич №24, Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32, ки 18 апрели соли 2021 баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо риояи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳавзаҳои интихоботии болозикр сенздаҳ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд.

Мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот овоздиҳӣ 18 апрели соли ҷорӣ аз соати 6-и субҳ то соати 20-и бегоҳ давом карда, дар асоси санадҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар ҳавзаҳои якмандатаи интихоботии Ҷ.Расулов №16-84,31%, Деваштич №24-84,47%, Ҷ.Балхӣ №30 – 86,2% ва Вахш №32-85,6% интихобкунандагони ба рӯйхат воридкардашуда дар интихобот иштирок намуданд. Тибқи талаботи моддаи 18-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида баргузоршуда ҳисобида шуд.

Дар асоси моддаи 48-и Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар интихоботи 18 апрели соли 2021 номзадҳо Файзулло Қосимӣ бо гирифтани 74,71% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷ.Расулов№16, Исмоилиён Комрон Исмоилзода бо гирифтани 73,2% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Деваштич №24, Одиназода Ҳуснигул Раҷаб бо гирифтани 65,9% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷ.Балхӣ№30 ва Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар бо гирифтани 66,3% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Вахш №32 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шуданд.

Ҳамин тавр, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида ошкоро, шаффоф, ба таври озод ва дар асоси алтернативӣ бо иштироки фаъоли интихобкунандагон баргузор гардида, анҷом ёфт.

АКС: аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Апрель 19, 2021 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид