Маҳмадтоир Зокирзода: Ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад

Апрель 19, 2021 15:51

ДУШАНБЕ, 19.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мо мисли ҳамеша сидқан ҷонибдори истиқрори сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанги Афғонистон мебошем. Муътақидем, ки таъмини амнияту оромии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳристи авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад.

Ин матлабро имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар баён намуд.

Тавре  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, раиси Парлумони касбии мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода дар идомаи суҳбат иброз намуд, ки «Тоҷикистон ва Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ бо ҳам мепайванданд. Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд. Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем».

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи дӯсти Афғонистон талош меварзад, то ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишварро, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба сатҳи боз ҳам баландтар барорад. Дар ин раванд афзоиши муомилоти тиҷорати ҷонибҳо аз аҳамияти хосса бархӯрдор аст.

-Мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар ояндаи наздик, сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла оқибатҳои пандемияи COVID-19 нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷонибаро дучанд зиёд кунем,-афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Ҳамзамон Маҳмадтоир Зокирзода густариш бахшидани ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Афғонистонро барои таҳкими равобити дигар соҳаҳо муҳим хонда, изҳор дошт, ки равобити ҳарду кишвари дӯст ва ҳамзабонро метавон дар асоси ҳамкории байнипарлумонӣ тақвият бахшид, аз ин рӯ, мо бояд бештар барои фароҳам овардани чунин шароит ба муносиботи дуҷонибаи байнипарлумонӣ такя кунем.

Мавсуф  роҷеъ ба вазъи илму маориф ибрози андеша намуда, афзуд, ки «мо омодаем ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҳунар, итилоот ва фаъолияти иҷтимоиро ба сатҳи нав барорем».

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон беш аз 500 нафар донишҷӯёни афғон таҳсил мекунанд. Дар тамоми давраи соҳибистиқлолии давлати мо зиёда аз як ҳазор шаҳрванди Афғонистон риштаҳои гуногуни донишгоҳҳои Тоҷикистонро хатм карда, соҳиби ихтисос гардидаанд.

Илова бар ин, тайи даҳ соли охир дар ҳудуди якуним ҳазор нафар шаҳрвандони Афғонистон, аз  ҷумла зиёда аз сад нафар бонувони Афғонистон дар муассисаҳо ва марказҳои тахассусии Тоҷикистон дар давраҳои касбомӯзӣ ва такмили ихтисос таҳсил кардаанд.

Бо дарназардошти якчанд омилҳои мусоидаткунанда, аз ҷумла ҳамзабонии ду кишвар имкон ҳаст, ки раванди таҳсил ва илмомӯзии шаҳрвандони Афғонистон дар муассисаҳои мухталифи таълимии кишварамон ба таври самарабахш идома ёбад.

Ҷониби Тоҷикистон метавонад барои Афғонистони бародар мутахассисони соҳаи барқ, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ, сохтмон, меъморӣ, технологияҳои гуногун ва садҳо кадрҳои илмӣ омода намояд.

Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи ҳамкории гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар карда шуд.

Апрель 19, 2021 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид