Марҳилаи якуми сохтмони роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод оғоз мегардад

Апрель 17, 2021 09:53

ДУШАНБЕ, 17.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи якуми сохтмони роҳи мошингарди  Обигарм – Нуробод, яъне бунёди  қитъаи Обигарм – Тагикамар оғоз мегардад.Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори ширкати чиноии «Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited» Луи Фей 12 апрели соли равон  қарордоди татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод, марҳилаи якум, яъне сохтмони қитъаи Обигарм -Тагикамар аз км 0+00 то км 30+217-ро   имзо намуданд.

 Лоиҳаи мазкур аслан аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якуми он аз 30,2 км роҳи асосии Обигарм-Тагикамар аз км 0 то км 30+217 сохтмони 2 нақби дарозии 1,6 км ва 1,7км, сохтмони 5 пули нав ва таҷдиди 1 пул иборат аст.

Пас аз ба имзорасии шартнома вазири нақлиёт Азим Иброҳим  аз ҳамкории густурда дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистону Чин ёдовар шуда, изҳор намуд, ки минбаъд низ чунин ҳамкории судманд идома ёфта,  корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати мазкур бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом хоҳанд расид.

Апрель 17, 2021 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард