Пак Бён Сок: «Мо ба кӯшишҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд медиҳем»

Апрель 1, 2021 17:58

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  1 апрел дар Қасри миллат  Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пас аз вохӯрӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок дар нишасти хабарӣ чунин гуфт: «Дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо муколамаи муфид ва созанда доштем. Умедворем, ки ин сафари мо ба Душанбе   муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Корея ва Тоҷикистонро ба сатҳи нав мебардорад, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодиёт ва фарҳанг. Мо кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистонро барои таъмини сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ баҳои баланд медиҳем».

Пак Бён Сок иттлооъ дод, ки имсол дар Душанбе бинои Сафорати Ҷумҳурии Корея бунёд мешавад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок, ки дирӯз бо сафари расмӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуданд.

Дар мулоқоти дуҷониба ҳамчунин ҳайатҳои васеи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея иштирок доштанд.

АКС аз Хадамоти матбуотии  Президенти ҶТ

Апрель 1, 2021 17:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид