Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Апрель 6, 2021 17:57

ДУШАНБЕ, 06.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам табрик ва муборакбодӣ менамоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густаришу таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ветнам буда, нисбат ба дурнамои онҳо назари бисёр нек дорад.

Умедворам, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ бо саъю эҳтимоми муштарак ҳамкориҳои байни давлатҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бардошта, мазмуну мундариҷаи онҳоро боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид. Дар ин самт мо омодаем, ки тамосҳои анъанавии сатҳи олии байни Тоҷикистон ва Ветнамро идома дода, тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифодаи самарабахш қарор диҳем.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳҳатмандиву комёбӣ ва барои кишвари дӯсти Ветнам ва мардуми он рифоҳу шукуфоии бештар орзумандам».

Апрель 6, 2021 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд