Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Афғонистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел дар Кобул мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо муовини якуми Президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сафири Тоҷикистон зимни суҳбат таваҷҷуҳи хосси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мавзӯи Афғонистон ёдовар шуда, ба ҳимоятҳои доимии Тоҷикистон аз давлати Афғонистон дар тамоми самтҳо, бахусус дар раванди кунунии сулҳ бори дигар таъкид кард.
А.Солеҳ қадрдонии махсуси Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро ба хотири пазироии гарм аз Президенти Афғонистон ва мизбонии сатҳи олии Конфронси нуҳуми вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» дар Душанбе расонд. Вай дар идома таъкид намуд, ки робитаҳо миёни Тоҷикистон ва Афғонистон робитаҳои хос буда, реша дар муштаракоти таърихию фарҳангӣ доранд ва ду кишвар дар ҳамаи созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ пуштибони якдигар ҳастанд. А.Солеҳ иброз дошт, ки тибқи тавофуқи сарони Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе ду кишвар ҳамкории худро барои рафъи таҳдидҳои муштарак дар сарҳад беш аз пеш тақвият мебахашанд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи ҷории Афғонистону минтақа ва ояндаи равобити дуҷониба табодули назар намуданд.
АКС аз Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






