Созишномаи навсозии роҳи автомобилгарди Қизил-қалъа-Бохтар ба таври маҷозӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати японии «Дай Ниппон Констракшн» тариқи маҷозӣ ё видеоконфронс Созишномаи «Таҷдид ва азнавсозии қитъаи Қизилқалъа – Бохтар»-и роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар ба имзо расонида шуд.
Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки сандаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби Япония менеҷери генералии раёсати байналмилалии ширкати «Дай Ниппон Констракшн» Ҳидеми Ҳатано имзо намуданд. Ба имзо расонидани санади мазкур дар самти татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар –раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ қадами муассир мебошад.
Дар натиҷаи ҳадафмандона ба роҳ мондани якчанд даври гуфтушунидҳо бо масъулини Агентии ҳамкории байналмилалии Япония, ки аз соли 2016 оғоз гардидаанд, Япония сармояро дар шакли грант барои «Таҷдид ва азнавсозии қитъаи Қизилқалъа – Бохтар- роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар» ҷудо намуд. Дарозии роҳ дар қитъаи мазкур 9,2 км-ро ташкил дода, аз ҳудуди шаҳри Бохтар то наздикии пул аз болои дарёи Вахш бо самти ҳаракат ба шаҳри Душанбе бо назардошти аз 2 хати ҳаракати нақлиёт ба 4 хат васеъ кардани роҳи автомобилгарди мавҷударо дар бар мегирад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 22 моҳро ташкил намуда, пурра анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва мавриди истифода қарор додани он моҳи январи соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Маблағи умумии лоиҳа бо назардошти хароҷоти машваратӣ-лоиҳакашӣ ва пудратӣ-сохтмонӣ дар маҷмӯъ 3 349 000 000,00 иени японӣ ё ин ки 30 149 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Тендери лоиҳаи мазкур бо риояи тамоми қоидаҳо гузаронида шудааст.
АКС аз сомонаи Вазорати нақлиёт








Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои СММ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти мансабдорони аршади CAREC-2026 дар Улан-Батор иштирок менамояд






