ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, ҷумъа, 113- умин рӯзи соли 2021 аст

Апрель 23, 2021 08:00

23 апрели соли 2015 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои сеошёнаи маркази таълимӣ-хизматрасонии «Меҳри Модар» ба истифода дода шуд.

***

6 сол пеш, 23 апрели соли 2015 Вазири вақти фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Вазири фарҳанги Федератсияи Россия Владимир Мединский дар доираи Ҷаласаи 12-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барномаи ҳамкории байниидоравӣ барои солҳои 2015-2017-ро ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Москва ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Россия баргузор шуд.

23 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқҳои муаллиф.

***

Рӯзи забони англисӣ дар СММ.

РӮЙДОДҲО:

23 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ ёфтанд.

***

23 апрели соли 2015 нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия доир гардид.

***

5 сол пеш, 23 апрели соли 2016 масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Франсия баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Минск дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муҳокима гардид.

***

23 апрели соли 1929 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин нақшаи 5-солаи рушди хоҷагии халқ қабул карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1958 нахустин анҷумани рассомони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

***

23 апрели соли 1965 аввалин моҳвораи алоқаи Иттиҳоди Шӯравӣ «Молния-1» ба кайҳон равон карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1911 дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия нахустин маротиба Намоиши байналмилалии ҳавопаймоҳо гузаронида шуд.

***

Соли 1974 дар ҷазираи Балии Индонезия ҳавопаймоии Boeing 707-и ширкати Pan American ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 107 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Апрель 23, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, шанбе, 270-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, ҷумъа, 269-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, панҷшанбе, 268-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, чоршанбе, 267-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, сешанбе, 266-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, душанбе, 265-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, якшанбе, 264-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, ҷумъа, 262-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, панҷшанбе, 261-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, чоршанбе, 260-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, сешанбе, 259-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, душанбе, 258-умин рӯзи соли 2025 аст