Тоҷикистон ва Туркия метавонанд ҳаҷми табодули молро то ба 1 миллиард доллар расонанд

Апрель 19, 2021 09:53

ДУШАНБЕ, 19.04.21021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Туркия метавонанд суръати афзоиши табодули молро якбора афзоиш дода, солҳои наздик ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро ба як миллиард доллари ИМА расонанд. Дар ин бора раиси Шӯрои тиҷоратии Туркия ва Тоҷикистон Ҷаҳонгир СААТЧИОҒЛУ дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия Манижаи МАҚСУД изҳор дошт.

Бо ин мақсад, ба гуфтаи Саатчиоғлу, сафари кории намояндагони 15 ширкати пешрафтаи Тоҷикистон ба Туркия моҳи майи соли равон ва тобистони ҳамин сол- сафари ҳайати доираҳои тиҷоратии Туркия ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбари Шӯрои тиҷоратии Туркия ва Тоҷикистон ба савол дар бораи он ки ин мулоқотҳо дар шароити шиддат ёфтани вазъи коронавирус дар Туркия дар кадом шакл сурат мегиранд, чунин посух дод: «Мо умедвори ба эътидол омадани вазъ ҳастем. Тоҷикистон яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Туркия аст ва сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла пандемияи COVID-19, мо ният дорем, ки барои амалӣ намудани созишномаҳои ба имзорасонидаи сарони ду давлат дар мавриди то як миллиард доллари ИМА расонидани тиҷорати дуҷониба тадбирҳои назаррас андешем».

Бояд гуфт, ки ин нукта 29 марти соли равон дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Туркия Мевлют Чавушоғлу, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, низ зикр шуда буд.

Ба гуфтаи Ҷаҳонгир Саатчиоғлу, ҳадафи Шӯрои тиҷоратии Туркия ва Тоҷикистон ташвиқ ва ҳавасманд кардани соҳибкорони турк то соли 2025 ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ бо ширкатҳои Тоҷикистон, ки дар соҳаи саноати вазнин (мошинсозӣ), таҳвили техникаи кишоварзӣ ва сармоягузорӣ ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва бофандагӣ, инчунин хидматҳои рушд дар соҳаи логистикаи нақлиётӣ фаъолият мебаранд, мебошад. Воқеан, ин масъалаҳо дар Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030 ҳамчун масъалаҳои муҳимтарин гузошта шудаанд.

Туркия бо сармоягузории умумии беш аз 200 миллион доллар дар 10 соли охир яке аз сармоягузорони асосии иқтисодиёти Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин ҷода саҳми Шӯрои тиҷоратии Туркия ва Тоҷикистон, ки шомили ДЕИК мебошад, низ ҳаст.

Ёдовар мешавем, ки ДЕИК (Deik — diş ekonomik ilişkiler kurulu dtm) ё Кумитаи равобити иқтисодии хориҷии Туркия ҳанӯз соли 1986 бо ташаббуси Иттифоқи палатаҳо ва биржаҳои ин кишвар таъсис дода шуда буд. Муассисони он илова бар ин Иттиҳодия 8 ассотсиатсияи бузурги доираҳои тиҷоратии Туркия, аз ҷумла Ассотсиатсияи саноатчиён ва соҳибкорони Туркия, Фонди рушди иқтисод, Иттифоқи палатаҳои кишоварзии Туркия ва Ассотсиатсияи ҳамоҳангсозии сармояи хориҷӣ мебошанд. ДЕИК фаъолияти худро тавассути шӯроҳои тиҷории Туркия ва хориҷие, ки ба сохтори он шомиланд, амалӣ менамояд..

                                                                 АКСҲО аз муаллиф

Апрель 19, 2021 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард