«УМЕДВОРИ ПИРӮЗИИ Ӯ МЕБОШЕМ!». Сафири Россия ба Манижа дар «Евровидение» муваффақият таманно кард

Апрель 7, 2021 12:57

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов овозхон Манижа Сангинро барои ба нимфинали Озмуни байналмилалии «Евровидение-2021» баромаданаш табрик намуда, ба вай барори кор таманно кард.

Матни табрикот, ки дар зер пешниҳод шудааст, рӯзи дигар пас аз эълон шудани ғолиби интихоби миллӣ дар Россия — 9 марти соли равон дар сафҳаи Сафорат дар Facebook интишор шуда буд.

Овозхони русу тоҷик, сафири иродаи неки Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон Манижа Сангинро, ки 8 март дар барномаи мустақими Шабакаи аввал ғолиби интихоби миллӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни сурудҳои «Евровидение-2021» гардид, табрик менамоем.

Ин ки тамошобинони Россия сарояндаи боистеъдодро дастгирӣ карданд, бори дигар аз равобити мустаҳками дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои мо шаҳодат медиҳад.

Ба Манижа дар озмун комёбиҳо таманно дорем ва бесаброна умедвори пирӯзии ӯ мебошем!

Сафири Россия дар Тоҷикистон
И. С. Лякин-Фролов

Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалии суруд “Евровидение” (Eurovision) аз соли 1956 ба ин тараф ҳар сол баргузор мешавад ва дар зоти худ яке аз машҳуртарин чорабиниҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар қоидаҳои озмун омадааст, ки ҳар ҳунарманд сарфи назар аз миллаташ метавонад аз ҳар кишвар намояндагӣ кунад. Танҳо ҳамзамон ду кишварро муаррифӣ намудан манъ аст. Солҳои охир дар марҳилаи ниҳоии озмун реҷаи гузашти мукаммали парчамҳои ҳамаи давлатҳои ширкаткунанда, ки ба финал роҳ ёфтаанд, баргузор мешавад.

Интихоби иштирокчӣ аз Россия имсол аз тариқи овоздиҳии тамошобинон мустақиман дар Шабакаи якуми Телевизиони Россия 8 марти соли 2021 сурат гирифт.

Манижа соли 2021 дар ин озмун Россияро бо суруди «Russian Woman» («Зани рус») муаррифӣ хоҳад кард, ки матни он боиси мавҷи танқидҳои зиёд шудааст. Ба гуфтаи худи овозхон, “Зани рус” — ин  сурудест дар бораи тағйирёбии худшиносии зан дар тӯли чанд садсолаи охир дар Россия.

Азназаргузаронии 65-умини озмуни ҷашнӣ аз 18 то 20 май дар толори консертии Ahoy Роттердам (Нидерландия) таҳти шиори «Open Up» (“Боз шав”) баргузор мешавад. Ва маҳз 18 май аввалин нимфинали Евровидения фаро мерасад, ки дар он Манижа баромад мекунад. Дар ин рӯз аз 41 навозанда ва гурӯҳҳои барои ширкат дар «Евровидение-2020» эълоншуда, 18 нафар кишварҳояшонро муаррифӣ мекунанд. Нимфинали дуюм 20 май ба нақша гирифта шудааст. Аз кишварҳои собиқ ИҶШС дар озмун Арманистон, Латвия, Литва, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Украина ва Эстония ширкат хоҳанд кард.

Овозхони тоҷиктабори Россия Манижа Сангин 29 сол дорад. Вай навозандаи мустақил, муаллиф ва сароянда, коргардони клипҳо, ходими ҷамъиятӣ дар мубориза бо хушунатҳои хонаводагӣ, аз соли 2019 сафири бунёди “Ҳаёт эҳдо бикун”, аз соли 2020  — сафири иродаи неки СММ дар умури паноҳандагон мебошад. Сароянда соли гузашта сафири иродаи неки Россия дар Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) интихоб шуд. Дар ин бора созмон 14 декабри соли 2020 — дар рӯзи 70-солагии худ эълом дошт. Пештар Агентии СММ оид ба паноҳандагон сафири иродаи нек аз Россия надошт.

                                                       АКС аз манбаҳои озод

Апрель 7, 2021 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ