Ҳафтаи Ҷаҳонии Пул-2021 дар Тоҷикистон бо баргузории барномаҳои зиёди маърифатӣ ҷамъбаст шуд

Май 3, 2021 11:53

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба баргузорӣ ва ҷамъбасти Ҳафтаи Ҷаҳонии Пул-2021 (Global Money Week-2021) дар қароргоҳи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Душанбе бо иштироки намояндагони бонкҳои марказии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина ва шарикони байналмилалии молиявӣ видеоконфронс доир гардид, иттилоъ медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Фаррух Султонов иброз намуд, ки ҳадафи мулоқот тақвияти ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни бонкҳои марказӣ ва шарикони байналмилалии молиявӣ дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Зикр шуд, ки баргузории Ҳафтаи Ҷаҳонии Пул-2021 барои ҳар давлат муҳим аст ва он ба баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, рӯҳбаланд кардани кӯдакон ва ҷавонон барои нигоҳубини пул ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мусоидат менамояд, зеро дар шароити кунунӣ ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ба бахши молиявӣ аҳамияти муҳим касб кардааст.

Роҷеъ ба баргузории Ҳафтаи Ҷаҳонии Пул-2021 дар Тоҷикистон сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Улуғбек Бозоров ба иштирокчиёни видеоконфронс маълумот дода, зикр кард, ки бонкҳои марказии  давлатҳои минтақа дар ҳамдастӣ бо Гурӯҳи бонки ҷаҳонӣ тавонистанд дар доираи баргузории Ҳафтаи Ҷаҳонии Пул иқдомоти зиёдеро дар самти рушди зерсохтори молиявии кишварҳо амалӣ намоянд. Аз ҷумла, барномаи «Баланд бардоштани саводи молиявии аҳолӣ», ки соли 2014 дар доираи лоиҳаи «Рушди зерсохтори молиявӣ дар Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ» таҳия гардида, то ба имрӯз амалӣ шуда истодааст, метавонад намунаи ҳамкории муваффақ байни бонкҳои марказии кишварҳо ва шарикони молиявии байналмилалӣ бошад. Барномаи мазкур, ки дар доираи он чорабиниҳои зиёди омӯзишӣ, машваратӣ, таблиғотӣ-ташвиқотӣ баргузор гардид, барои баланд бардоштани саводи молиявии аҳолӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Сардори Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии БМТ ҳамчунин аз барнома оид ба баланд бардоштани сатҳи саводи молиявии рақамии аҳолӣ ва коркарди барномаи маълумоти устувори молиявӣ ёдовар шуд, ки он низ аз ҷониби бонкҳои марказӣ ва шарикони молиявии байналмилалӣ муваффақона татбиқ гардида истодааст.

Дар видеоконфронс инчунин мутахассисони бонкҳои марказии Озарбойҷон, Қирғизистон, Украина ва Ӯзбекистон доир ба ҷараёни баргузории Ҳафтаи Ҷаҳонии Пул дар кишварҳои худ маълумот доданд.

Иштирокчиёни видеоконфронс доир ба масъалаҳои вобаста ба ҳамкории минбаъдаи муштарак дар доираи татбиқи лоиҳаву барномаҳои фаромиллӣ, самаранок ва ҳадафмандона баргузор кардани Ҳафтаи Ҷаҳонии Пул ибрози андеша намуда, иброз доштанд, ки дар ин самт шарикони байналмилалии молиявӣ, махсусан Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ҳамчун ташаббускор ва ҳамоҳангсоз метавонад саҳми назаррас гузорад.

Ҳафтаи Ҷаҳонии Пул-2021 (Global Money Week-2021) дар Тоҷикистон ҳар сол аз 1 то 30 апрел таҳти унвони «Моҳи саводнокии молиявӣ» аз ҷониби БМТ ва созмонҳои шарик доир гардида, ҳадафаш баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, омӯзиши тақсимоти оқилонаи буҷаи худ ва оила, оқилона истифода бурдани пул, фикр кардани ояндаи худ, барои худ ва оила пул кор кардан мебошад.

Дар доираи баргузории Ҳафтаи Ҷаҳонии Пул-2021 ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон оид ба саводнокии молиявӣ барои хонандагон ва донишҷӯён машғулияти омӯзишӣ  ва экскурсияҳо ташкил намуда, тариқи ВАО барномаҳои зиёди маърифатӣ таҳия ва пахш намуданд.

Акс аз Бонки миллии Тоҷикистон

Май 3, 2021 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1160 то 0.1189 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0086 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5981 то 9.6300 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст