Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мутобиқи моддаи 58-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодеси мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Таъкид гардид, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба манзил дорад. Ҳама гуна амал (беамалӣ), ки барои татбиқи ҳуқуқ ба манзил монеъ мегардад, манъ аст. Ҳуқуқ ба манзил танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маҳдуд карда шавад.
Шаҳрвандон бо ихтиёри худ ҳуқуқҳои манзилии ба онҳо тааллуқдоштаро амалӣ менамоянд. Инчунин онҳо дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои худ ба манзил аз рӯи шартнома ва асосҳои дигари пешбининамудаи қонунгузорӣ озод мебошанд.
Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд, ки ҷиҳати иҷрои барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ва бо мақсади такмили фаъолияти Суди конститутсионӣ таҳия гардидааст.
Ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ва Созишномаи дастгирӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб», ки 2 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, мавриди баррасии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон карор гирифтанд.
Аксҳо аз Маҷлиси намояндагон








Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд






