Дар ноҳияи Тоҷикобод супоришҳои Пешвои миллат бобати истифодаи самараноки замин амалӣ мегарданд

Май 4, 2021 14:07

ТОҶИКОБОД, 04.05.2021./АМИТ«Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 апрели соли 2021 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, кишти зироати лӯбиёгӣ ва истеҳсоли захираи зарурии маводи хӯрокӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Бахтиёри Ҳақназар иброз дошт, ки  дар ноҳия кишти картошка бомаром идома дошта,  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 192,53 гектар  ва дар заминҳои аҳолӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон 367,54 гектар ва  дар маҷмӯъ  то имрӯз дар майдони 560,07 гектар  кишти картошка гузаронида шудааст.

Имрӯзҳо бо мақсади таъмини тухмии картошкаи хушсифат  ба воситаи соҳибкорон  аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва  ноҳияи ҳамсояи Лахш  зиёда аз 2935 тонна тухмии картошка ворид карда шуд.  Захираи тухмии зарурӣ дар маҷмӯъ 3 255 тоннаро ташкил медиҳад. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  120 тонна тухмии хушсифат ба ноҳия ворид гардида, аз тарафи соҳибкорон низ  ба андозаи зарурӣ тухмии аълосифат ворид гардида истодааст. Норасоии тухмии картошка дар ноҳия  320 тоннаро ташкил медиҳад,  ки  бо ҷалби соҳибкорон  ин мушкилӣ баратараф мегардад.

Имсол тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар 80 фоизи заминҳои обии ноҳия  бояд картошка кишт карда шаванд. Бо ин мақсад ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шудааст, ки аз тарафи он дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шуда, соҳибони қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои истифодаи самараноки замин сафарбар карда шуданд. Ҳарчанд дар деҳаҳои баландкӯҳ ҳанӯз кишт оғоз нагардида бошад ҳам, вале дар аксари мавзеъҳои ноҳия бо истифода аз ҳавои мусоид кишту кори баҳорӣ бо маром идома дорад. Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ муваззаф карда шудааст, ки бо истифода аз техника ва бо ҷалби аҳолӣ коршоямии каналҳоро таъмин намояд.

Масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия гуфтанд, ки  тибқи лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба ноҳия 7 адад трактор, 1 адад комбайни ғалладарав ва дигар мошинолот ворид гардиданд, ки ин дастоварди назаррас дар соҳаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб меравад. Воридоти техникаҳои мазкур ва техникаҳои пеш мавҷуда барои ба таври самаранок ва ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани мавсими кишт мусоидат менамоянд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки соли гузашта бори аввал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ майдони кишти картошка дар ноҳия ба 1879,7 гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 793 гектар зиёдтар аст. Дар натиҷаи заҳмати кишоварзон истеҳсоли картошка ба 25 ҳазору 710 тонна расонида шуд. Дар маҷмӯъ истеҳсоли картошка назар ба соли пешин ба миқдори  11 ҳазору 633 тонна зиёд гардид. Қобили зикр аст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 351,2 гектар кишти сабзавот  гузаронида шуда буд, ки заҳмати кишоварзон  натиҷаи дилхоҳ ба бор овард.

 АКС аз манбаъҳои боз

Май 4, 2021 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолити давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд