«ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ…». Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов дар моҳи шарифи Рамазон ба беморон, табибон ва донишҷӯён дасти кумак дароз намуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи мубораки Рамазон соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба беморон, кормандони соҳаи тиб ва донишҷӯён дасти кумак дароз намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, соҳибкор Маҳмудҷон Муродов иброз дошт, ки ба шарофати сиёсати некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу заҳматҳои пайвастаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз сокинони Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти он аз кумакҳои давлату ҳукумат ва соҳбкорон бархурдор мегарданд.
Ба андешаи мавсуф, «бо дасти ёрӣ дароз намудан ба беморону барҷомондагон ҳеҷ гоҳ дороии инсон кам намегардад, балки бо дуои хайри онҳо давлат афзун мешавад. Ҳар маблағе, ки соҳибкор ба даст меорад, дар он ҳиссаи ятимону камбизоатон, бепарасторон ва барҷомондагон низ ҳаст. Аз ин рӯ мо бояд ҳамеша дар андешаи кумак расонидан ба мардум бошем».
Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов дар доираи иқдоми хайр ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» рафта, ба беморони шуъбаи бемориҳои хуни кӯдакона ва шуъбаи саратоншиносии кӯдакона маҳсулоти гигиенаи шахсӣ, ба монанди хамира ва чӯткаи дандоншӯӣ, собун, салфетка, мева ва шириниҳо тақдим намуд. Аз ҷумла, барои 2 ҳазор нафар кормандон ва беморони беморхонаи мазкур хӯроки шом ташкил намуд.
Зимни тақдими маводи хӯрокӣ ба беморони шуъбаи бемориҳои хуни кӯдакона соҳибкор аз шароити буду боши шуъба боздид намуда, ба кормандони он ваъда кард, ки барои истироҳату фароғати кӯдакон шароити зарурӣ муҳайё менамояд.
«Заҳматҳои ҳамешагии шумо, табибонро, ки дар ҳама гуна рӯзҳои вазнин дар паҳлӯи беморон қарор доред ва ба хотири ҳифзи саломатии аҳолӣ шабонарӯз заҳмат мекашед, Сарвари давлат пайваста қадр мекунанд. Дарвоқеъ, фаъолият ва рӯҳияи қавии шумо бо ҳамдилии мардум метавонад моро ба рӯзҳои хубу равшан расонад ва ба беморон қувва бахшад. Ҳамаи иқдомҳое, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша гирифта мешаванд, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикороти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат мегиранд. Имрӯз нафарони камбизоат ва беморон танҳо нестанд, онҳо зери ғамхории доимии Сарвари давлат қарор доранд. Зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат зикр намуданд, ки барои кумак ба ятимону камбизоатон бояд мо, соҳибкорон ҳамеша омода бошем ва ба онҳо дасти мадад дароз намоем»,-гуфт Маҳмудҷон Муродов.
Мавсуф иброз намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии хеш ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз анҷом додани корҳои хайру савоб сухан гуфта, таъкид намуданд, ки «лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, гирифтани дасти фитодагон, аз рӯи тавону имконият ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон кумак кардан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, доштани забони пок, муомилаи хуб, ахлоқи нек ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки риояву гиромидошти онҳо дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон шарт ва зарур дониста шудааст».
Бояд гуфт, ки то имрӯз аз ҷониби Маҳмудҷон Муродов ба 2000 нафар беморону кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш»» (Қарияи Боло), 1100 нафар аз МД «Истиқлол», 250 нафар аз беморхонаи шаҳрии «Ёрии таъҷилӣ» ва 263 нафар аз Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси синаи «Мачитон» кумак расонида шуд.
Инчунин аз ҷониби ин соҳибкор барои зиёда аз 3360 нафар донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат ва 5 ҳазор бошандагони хобгоҳҳои вазорату идораҳо дар шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ барои 14 ҳазору 98 нафар хӯроки шом ташкил гардид.
Ёдовар мешавем, ки таҳти ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳибкор Маҳмудҷон Муродов пайваста дар ободонию созандагӣ, кумак намудан ба ятимону барҷомондагон, беморон ва шахсони ниёзманду имконияташон маҳдуд саҳми муносиб мегузорад.
Тавре Рӯдакии бузург мефармояд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар-ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Ҳамзамон чанд рӯз пеш роҳбари ҶДММ «Сарманзил», узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов бо ҳамовозӣ ба даъвати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи шарифи Рамазон ба зиёда аз 5 ҳазор нафар истиқоматкунандагони хобгоҳҳои вазорату корхонаҳои шаҳри Душанбе хӯроки яквақтаина, аз қабили ош, нон, оби минералӣ, помидор ва бодиринг кумак намуд.
Тавре директори Муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» Зарнигори Сорбон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Мояи хушнудист, ки дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои миллӣ аз тарафи шахсони саховатпеша, аз ҷумла соҳибкорони муваффақ ин гуна корҳои хайр анҷом дода мешаванд.
«Имрӯз аз тарафи соҳибкор Маҳмудҷон Муродов ба духтарони Муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» хӯрок дода шуд. Имрӯз духтарони ин муассиса бо тамоми шароити мавҷуда таъмин буда, пайваста аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастгирӣ меёбанд»,- гуфт Зарнигори Сорбон.
Ба зикри донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода Рухшона Абдураҳмонова, «дастгирии ятимону бепарасторон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Имрӯз ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстонаро Роҳбари ҶДММ «Сарманзил» низ анҷом дода, дар ин моҳи мубораки Рамазон мо, духтаронро бо хӯрок таъмин намуд. Аз ин рӯ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ятимону бепарасторон миннатдории худро мерасонам. Зеро бо дастуру ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат соҳибкорони тоҷик чунин корҳои хайру савобро мунтазам роҳандозӣ намуда, дар доираи имконият ба қишри гуногуни ҷомеа дасти кумак дароз мекунанд».
-Беҳуда намегӯянд, ки вақте инсон ба иҷрои коре аз сидқ машғул мешавад, воқеан подоши хуб дарёфт мекунад ва роҳати ранҷи кашидаашро мебинад. Имрӯз ман ҳикмати ин суханҳоро пайдо намудам. Маҳмудҷон Муродов бо дастгирӣ аз даъватҳои Пешвои миллат ва иқдомҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе барои мо, истиқоматкунандагони хобгоҳи Геологияи тоҷик кумак расонид,- иброз намуд назоратчии хобгоҳи мазкур Ҷумъахон Маҳмадалиев.
Тавре Пешвои миллат 12 апрели соли равон зимни ироаи Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон иброз доштанд: «Фаромӯш набояд кард, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи эҳсону накӯкорӣ ва хайроту садақот мебошад. Яъне шахсоне, ки имкони молиявии мусоид доранд, метавонанд ба хотири соҳиби савоб гардидан, алалхусус, дар моҳи Рамазон ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзмандон дасти хайру саховат дароз кунанд».
Ба зикри Сарвари давлат, ҳадяву подоши ҳар инсон аз ҳиммати ӯ вобаста мебошад, зеро ҳиммати баланд доштану ба ниёзмандон дасти сахо дароз намудан, тибқи таълимоти ислом, ҳатман мавриди эҳсони Худованди бахшоянда қарор мегирад.
Мавриди зикр аст, ки кӯмак дар моҳи мубораки Рамазон аз ҷониби соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов дар умум ба 23 702 нафар расонида шуд.
Холисаи АСОМИДДИН,
София ШОИК,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»