Парлумони Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид намуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюм ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру илова ворид намуданд.
Ба панҷ моддаи қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шуданд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд. Инчунин ба қонун моддаи 142 илова гардид, ки тибқи он дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузаронидани ҷашну маросим муқаррар намояд.
Меъёри мазкур дар иртибот ба талаботи ду санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» роҳандозӣ гардидааст.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






