ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ! Даври нимниҳоии «Евровидение-2021»-ро бо иштироки Манижа дар куҷо ва кай метавон тамошо кард?
ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре хабар додем, 65-умин Озмуни байналмилалии суруди “Евровидение” 18-22 майи соли 2021 дар Роттердам (Нидерланд) баргузор мегардад. Зодаи шаҳри Душанбе Манижа Сангин (Manizha) дар ин озмун Россияро бо суруди «Russian Woman» намояндагӣ мекунад.
Бисёр хонандагон аз мо мепурсанд, ки баромади Манижаро дар ин озмун дар куҷо ва кай метавон тамошо кард.
Ёдовар мешавем, ки Манижа имрӯз, 18 май дар нимниҳоии якуми озмун ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Дар он намояндагони 16 кишвар, аз ҷумла Россия ширкат меварзанд. Даҳ довталаб ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Даври нимниҳоии дуюми «Евровидение-2021» рӯзи панҷшанбе, 20 май баргузор мешавад. Тибқи натиҷаҳои он, даҳ сарояндаи дигар ба марҳилаи ниҳоӣ (финал) мебароянд. Дар маҷмӯъ, дар даври дуввуми нимниҳоӣ намояндагони 17 кишвар ширкат меварзанд.
Марҳилаи ниҳоии «Евровидение-2021» рӯзи шанбе, 22 май баргузор мегардад. 26 нафар довталабон барои пирӯзӣ мубориза мебаранд: 20 нафари дар ду даври нимниҳоӣ интихобшуда, намояндаи Ҳолланд — кишвари мизбони озмуни 65-ум ва панҷ нафар иштирокчиён аз кишварҳои бунёдгузори “Евровидение” (Британияи Кабир, Германия, Италия, Испания ва Франсия).
Ҳарду даври нимниҳоӣ ва марҳилаи ниҳоии “Евровидение”-ро метавон тавассути Шабакаи якуми Телевизиони Россия ва сомонаи www.1tv.ru мустақиман тамошо кард.
Оғози пахши барнома соати 22:00 ба вақти Москва (00:00 ба вақти Душанбе).









Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад






