Роҳҳои рақамикунонии фаъолияти бонкӣ дар меҳвари мулоқоти раисони «Амонатбонк» ва WSBI қарор гирифт

Май 1, 2021 08:53

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои рақамикунонии фаъолияти бонкӣ дар мулоқоти Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо Директори идоракунандаи Институти ҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI) Крис Де Нус  қарор дошт, ки ба таври маҷозӣ сурат гирифт.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба, хусусан ташкили конфронсу машғулият,  семинар ва вебинарҳо доир ба рушди бизнеси бонкӣ, табодули таҷриба ва масъалаи роҳҳои рақамикунонии фаъолияти бонкӣ баррасӣ гардиданд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифта, мусоҳибон аз таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд ва барои тақвияти ҳамкории минбаъда омодагии хешро иброз намуданд.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз соли 2004 инҷониб аъзои Институти ҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI) мебошад. Дар Институти  ҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI)  беш  аз 6700 бонкҳои амонатгузор ва чакана аз тамоми дунё аъзо буда, бештар ба масъалаҳои танзимии байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир ва барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии шарикони худ чорабиниҳои гуногун  баргузор менамоянд.

   АКС аз Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»

Май 1, 2021 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид