ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 май, якшанбе, 143-юмин рӯзи соли 2021 аст
23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони мамлакат вохӯрӣ карда, онҳоро қувваи пешбарандаи ҷомеа номиданд.
***
9 сол пеш, 23 майи соли 2012 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҳисор дар бахшҳои ғаллакорӣ, пахтакорӣ, боғу токпарварӣ ва чорводорӣ шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус сафари расмӣ карданд.
23 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи ҷавонон.
***
Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони Вазорати экология ва захираҳои табиӣ.
***
Дар Ямайка — Рӯзи меҳнат.
***
Дар Мексика – Рӯзи донишҷӯён.
РӮЙДОДҲО:
23 майи соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Клуби вазирон-роҳбарони сохторҳои давлатии кор бо ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
23 майи соли 2009 масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд баррасӣ шуданд.
***
11 сол қабл, 23 майи соли 2010 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия қисмати панҷуми бозиҳои ҷаҳонии варзиши сабук баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон — Дилшод Назаров бо 29 сантиметр дуртар партофтани гурз нисбат ба гурзандози латвиягӣ ҷойи якумро соҳиб шуд. Ӯ дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 77,38 сантиметр партофт.
***
23 майи соли 1949 Конститутсияи Ҷумҳурии Федеративии Германия қабул гардид.
***
58 сол муқаддам, 23 майи соли 1963 бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ бо нишони эҳтиром ба хизматҳои шоистаи Ташкилоти мубориза барои озодӣ ва истиқлоли қаҳрамононаи халқи Куба, саҳми арзанда гузоштан дар роҳи расидан ба сулҳ ва сохти сотсиалистӣ, инчунин саҳм гузоштан дар мустаҳкамгардонӣ ва рушди дӯстии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Куба ба Фидел Кастро Рус мукофоти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ордени Ленин ва медали «Ситораи тиллоӣ» дода шуд.
***
23 майи соли 2003 шаҳри Москваи Федератсияи Россия номзади махсус барои гузаронидани бозиҳои олимпӣ шуд. Ин қарор дар вохӯрии олимпӣ барои дар қатори дигар кишварҳо шомил намудани Москва ҳамчун номзади махсус дар овоздиҳии якмандатӣ қабул гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2005 дар шаҳри Маккаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аввалин маротиба бозиҳои дӯстонаи исломӣ баргузор гардиданд.
***
Соли 1930 аввалин нишони Ленин ба рӯзномаи «Комсомолская правда» дода шуд.