Тоҷикистон дар оянда барои ҳамлу нақли бор аз бандари «Туркменбошӣ» истифода менамояд

Май 3, 2021 11:21

ДУШАНБЕ, 03.05.2021 /АМИТ «Ховар/. Интизор меравад, ки дар оянда Тоҷикистон барои воридот ба ҷумҳурӣ ва баровардани бор аз он аз бандари баҳрии   «Турменбошӣ» истифода намояд. Масъалаи мазкур дар вохӯрии намояндагони нақлиёти Тоҷикистон ва Туркманистон, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, баррасӣ шуд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  дар мулоқот  масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт матраҳ гардиданд.

Дар мулоқот ҳайатҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии «Туркменавтоулаглари» ва Агентии «Туркмендемирёллари» масъалаҳои ҳамкории дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, роҳи оҳан, гузариши транзитӣ ва дигар масъалаҳои  ҷойдоштаро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандӣ ва омодагии худро ҷиҳати барқарор намудани ҳамкорӣ дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва роҳи оҳан баён намуда, иброз доштанд, ки бо риояи ҳатмии талаботи эпидемиологӣ барои амалӣ намудани ҳамлу нақли дуҷониба ва транзит чораҳои зарурӣ роҳандозӣ хоҳанд кард.

АКСҲО аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Май 3, 2021 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст