12 июн дар «Боғи Ирам» даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ» баргузор мегардад, ки дар он ғолибони даври вилоятии ин озмун довталабӣ менамоянд.
Озмуни мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо мақсади рушди ҳунарҳои кандакорӣ, гаҷкорию оинабандӣ ва кундалнигорӣ ҳамчун ҳунарҳои аҷдодӣ ва ташвиқу тарғиб намудани таҷрибаи пешрафтаи ҳунармандон дар маҳаллаву деҳа, деҳоту шаҳрак, ноҳия, шаҳру вилоятҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.
Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи озмуни мазкур намоиш-фурӯши маҳсулотии дастии ҳунармандон ташкил гардида, ба ин маърака ҳамчунин сайёҳони дохилию меҳмонони пойтахт даъват карда мешаванд.
«Ҳадафи асосии озмуни мазкур тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини ҳунарҳои кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ, тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои ин ҳунари аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати устоҳо ва муаррифии намудҳои гуногуни маҳсули ин ҳунар мебошад»,- афзуд манбаъ.
Аксҳо аз манбаъҳои боз








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






