Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарасторони ноҳияи Вахш санги асос гузоштанд

Июнь 15, 2021 09:07

ДУШАНБЕ, 15.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ба бунёди ду мактаби нави таълимӣ — мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарастори ба номи Мирзо Сатторов санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои нави таълимии ҳамагонӣ иттилоъ дода шуд, ки мактаб бо риояи талаботи замони муосир бунёд мегардад ва аз як ошёна, аз ҷумла утоқҳои фаннию лабораторӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо бунёди мактаби мазкур мушкилоти бошандагони атрофи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ҳал гардида, дар рушди соҳаи маорифи ноҳия замина мегузорад.

Ба иттилои масъулон баъди ба истифода додани бинои нави таълимӣ, мушкилоти набудани мактаб ва ё дур будани он аз назди хонаҳои шаҳрвандон ба пуррагӣ ҳал гардида, ба ин васила сатҳу сифати таълиму тарбия низ хубтару беҳтар хоҳад гардид.

Дар муаррифии бинои мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарасторон бошад, ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки мактаб-интернат бо дарназартошти талаботи ҷаҳонӣ бунёд шуда, дорои як хобгоҳ барои 480 нафар, маркази саломатӣ бо 6 ҳуҷра, ошхона барои 480 кас ва меҳмонхона барои пайвандону наздикони хонандагон мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиёну масъулин дастур доданд, ки ҷараёни корҳои сохтмониро ҷиддӣ назорат карда, корҳои бунёдӣ бо сифат ва бо риояи талаботи меъморӣ бунёд гардад.

Иншооти мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии “Эҳёи Сомониён” бунёд гардида, то соли 2023 пурра сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Иқдоми сохтмони мактаби таълимӣ ва мактаб — интернати бепарасторон дар деҳоти ноҳияи Вахш бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити хуби таълим роҳандозӣ гардидааст. Ҳамин аст, ки дар ноҳия давоми се соли охир якчанд мактабу синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ба ин васила шароиту имконоти таълим низ беҳтару хубтар гардид.

Аз ин ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат маорифчиёни ноҳияи Вахш рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ваъда доданд, ки сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатро сармашқи кори худ карда, дар тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон саҳми муносиб мегузоранд.

Гузоштани санги асоси мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактаб - интернати кӯдакони ятим ва бепарасторони ноҳияи Вахш 15.06.2021

Июнь 15, 2021 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд