АМИТ «Ховар» ҷаласаи маҷозии кории коршиносони СҲШ оид ба омодагӣ ба Медиафоруми Созмони ҳамкории Шанхайро баргузор кард

Июнь 24, 2021 17:40

ДУШАНБЕ, 24.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҷаласаи маҷозии кории коршиносони СҲШ оид ба омодагӣ ба Медиафоруми Созмони ҳамкории Шанхайро баргузор кард.

Дар рафти ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Қирғизистон, Қазоқистон, Покистон, Чин, Ҳиндустон, Федератсияи Россия ва Котиботи СҲШ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи кории маҷозӣ масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва доир намудани Медиафоруми СҲШ-ро, ки баргузории он 6 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо муҳимияти иттилоотро дар замони муосир таъкид намуда, баргузор гардидани вохӯриҳои роҳбарони ВАО-и кишварҳои Созмонро фурсати муносиб барои муҳокимаи масъалаҳои мавриди назар, тавсеаи ҳамкории бисёрҷониба, ки баҳри шинохти дастовардҳои СҲШ мусоидат мекунанд, муҳим арзёбӣ намуданд.

Бо назардошти маърӯзаҳои ироакардаи иштирокчиён дар охири ҷаласа протоколи мавриди назар қабул карда шуд.

АКС: скриншот

Июнь 24, 2021 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд