Қазоқистон дар вилояти Хатлон корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳад

Июнь 26, 2021 08:38

ДУШАНБЕ, 26.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди вилояти Хатлон  таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва содироти минбаъдаи он ба бозорҳои Қазоқистон  аз лиҳози иқтисодию тиҷоратӣ манфиатовар мебошад. Қазоқистон омода аст  ба вилояти Хатлон  маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва тухмиҳои хушсифат таҳвил намояд. 

Ин нукта дар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Бакит Султонов ва  ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки 25 июн дар шаҳри Бохтар  баргузор гардид, баён шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, зимни  мулоқот Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо ёдоварӣ аз сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон, зикр  намуд, ки «татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои сарони ду давлат дар Душанбе ба даст омаданд, ба рушди бемайлони шарикии стратегии ду кишвар мусоидат хоҳад намуд. Бастаи нави санадҳои рӯзи 20 май қабулшуда заминаи муътабари ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоуқистонро пурра мекунад».

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ яке аз ҷанбаҳои асосии муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад. Солҳои охир Қазоқистон дар байни шарикони асосии иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ба таври мустаҳкам дар ҷойи дуюм  қарор дорад. Бо вуҷуди он,  ҳанӯз ҳам имконот ва захираҳои азим барои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ мавҷуданд.


Қурбон Ҳакимзода оид ба тавонмандиҳои иқтисодию саноатӣ ва тиҷоратии вилоят ба ҳайати Қазоқистон маълумот дода, зикр намуд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодии вилоят сол аз сол афзуда, сатҳи зиндагонии аҳолӣ беҳтар шуда истодааст.

«Танҳо дар соли 2020, сарфи назар аз пандемия, Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 22 миллиард сомонӣ расид. Имрӯз вилояти Хатлон бо 38 мамлакати дуру наздик муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро ба роҳ мондааст. Гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2020 беш аз 8 миллион доллари амрикоӣ ва дар панҷ моли соли ҷорӣ 3,3 миллион долларро ташкил дод», -иттилоъ дод Раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода   ҳамчунин доир ба имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Данғара» ва «Кӯлоб», рушди бахши соҳибкории хурду миёна, имтиёзҳо барои содироткунандагони мол, инфрасохтори нигоҳдории молу маҳсулот, корхонаҳои истеҳсолию саноатии вилоят, ки беш аз сад намуди маҳсулотро омода мекунанд, ба ҳайати Қазоқистон маълумоти муфассал дод.

Вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Бакит Султонов зикр намуд, ки ҳадафи сафари онҳо  омӯзиши имкониятҳои рушди ҳамкорӣ   дар самти тиҷорат, нақлиёт, саноат, хӯрокворӣ ва кишоварзӣ мебошад.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар бахши агросаноатии иқтисоди Тоҷикистон, дар соҳаҳои энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан ва коркард, технологияҳо, инчунин дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия имконоти калон мавҷуданд.

Тарафҳо иброз доштанд, густариши ҳамкорӣ  дар самтҳои зикршуда муносибатҳои шарикии стратегӣ ва дӯстии Тоҷикистон ва Қазоқистонро боз ҳам таҳким мебахшад.

Июнь 26, 2021 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад