Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АБР Созишномаи маблағгузорӣ оид ба ислоҳоти андоз ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 07.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) ба имзо расонида шуд. Санади мазкурро Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расониданд.
Ҳадафи амалиёти мазкур ин сода намудани низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва беҳтар намудани риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз мебошад.
Маблағи умумии амалиёт 50 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, он аз Барнома ва Лоиҳа иборат мебошад. Қисмати Барномаи Амалиёт 37,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, барои татбиқи чорабиниҳои соддагардонии низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва такмили риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз, ки аз «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» бармеояд, равона мегардад.
Қисмати дуюм ин маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағгузории ҷудогардидаи 12,5 миллион доллари амрикоӣ буда, он харидорӣ, таҳияи барномаи таъминотӣ барои автоматикунонии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва равандҳои тиҷоратро дарбар гирифта, аз такмили технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва идоракунии лоиҳа иборат мебошад.Татбиқи амалиёти мазкур соли равон оғоз ёфта, соли 2026 анҷом меёбад.
Акс аз Вазорати молия








Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои СММ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти мансабдорони аршади CAREC-2026 дар Улан-Батор иштирок менамояд






