Барандагони Ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Турсунзода муайян шуданд

Июнь 25, 2021 18:05

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нависандагон Қодири Рустам ва Абдуғаффори Абдуҷаббор, адабиётшинос Муртазо Зайниддинов, шоирон Абдуҷаббори Суруш, Хайрандеш ва Толиби Луқмон, мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барандагони Ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2020 гардиданд. Дар ин бора ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо истинод ба   Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар  додааст.

Гуфта мешавад, ки нависанда Қодири Рустам барои тарҷумаи романи “Бозгашт ба Панҷрӯд”-и нависандаи рус Андрей Волос, Абдуғаффори Абдуҷаббор барои тарҷумаи романи “Сад соли танҳоӣ”-и Габриэл Гарсиа Маркес, Муртазо Зайниддинзода барои силсилаи мақолаҳояш доир ба адабиёти муосир барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардидаанд.

Шоир Хайрандеш барои девони ғазалиёти “Ҳамешабаҳор”, Абдуҷаббори Суруш ва Толиби Луқмон барои силсилаи ашъор ва мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барои силсилаи мақолоташ доир ба нақди шеъри муосир сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шуданд.


Соли равон ба ин ду ҷоизаи Иттифоқи нависандагон носирон Давлатшоҳи Тоҳирӣ ва Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод низ пешбарӣ шуда буданд, ки ноком гардиданд.

Мавриди ёдоварист, ки ин ду ҷоизаи адабӣ соли 1989 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба ба адибон дода мешавад.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар», ҳафтаномаи «Тоҷикистон

Июнь 25, 2021 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд