Дар Ашқобод дурнамои рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Июнь 16, 2021 11:58

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Ашқобод муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзодаро ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таваҷҷуҳи хоса ба татбиқи созишномаҳои баимзорасида зоҳир гардид.

Ҳавасмандии ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми муштарак изҳор шуд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Июнь 16, 2021 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд