Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҳамоиши кормандони ҷавон доир шуд

Июнь 23, 2021 14:33

ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 июн дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши кормандони ҷавон  доир шуд. Дар Кумита танҳо аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ 24 фоизро ҷавонон ташкил медиҳанд.  Иштирокдорони ҳамоиш нахуст бо шароити фароҳамовардашуда барои кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, аз ҷумла толори  варзишӣ, осорхона, китобхона ва  ошхона  шинос шуда,  ба он баҳои баланд доданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар ҳамоиши мазкур Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии мамлакат Ориф Хоҷазода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ иштирок намуданд.

Ориф Хоҷазода иброз дошт, ки «воқеан имрӯз ҷавонон нерӯи бузурги бунёдгару созанда эътироф шудаанд. Аз ин хотир давлату Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба ҳалли мушкилоти наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоянд».

«Пешвои миллат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи марбут ба ҷавонон таваҷҷуҳҳи хосса зоҳир намуда, иқдомҳои онҳоро ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Сарвари давлат дар мулоқоти навбатии худ бо ҷавонон, ки моҳи майи соли равон баргузор гардид, таъкид намуданд, ки: «Мо ҷавононро нерӯи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи мамлакат эълон кардем. Дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем».

Дар ҳақиқат бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии давлатамонро тасаввур намудан ғайриимкон аст. Бинобар ин Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии мамлакат  барои фароҳам овардани шароит мусоиди корӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми  тадбирҳои заруриро дар доираи имкониятҳои мавҷуда меандешад.  Инчунин дар тамоми муассисаҳои  зертобеи Кумитаи  давлатӣ садҳо нафар ҷавонон фаъолият дошта, дар пешрафти соҳа саҳмгузор ҳастанд»,-афзуд Ориф Хоҷазода.

Ба зикри мавсуф, дастовардҳои даврони  соҳибистқлолии мамлакат дар соҳаи заминсозӣ, харитасозӣ, айрогеодезӣ ва бақайдгирии молу мулки ғайри манқул ба ҷавонони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ вобастагии зиёд дорад.

Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки ҷавонон такягоҳ, умед ва ифтихори давлату  ҷомеа ба шумор рафта, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақш ва мавқеи басо муҳимро касб кардаанд.

«Ҷавонони мо имрўз аз зумраи саодатмандтарин наслҳо мебошанд, ки даврони ҷавонии онҳо ба чунин айёми зебову нусрат, тинҷиву амонӣ, тараби сури Истиқлолият, ҳамбастагиву ҳамдилии инсонҳо ва пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат рост омадааст.Ҳамаи ин саодату шарофат аз баракати Истиқлолият ва ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки нисбати тақдири имрўзу фардои ҷавонони мо таваҷҷуҳи хоса доранд ва барои ин парчамбардорони фардои бақои миллати мо дар ҳама ҷодаҳо хидматҳои бедареғи худро нисор мефармоянд»,- изҳор дошт  А. Раҳмонзода.

Ба зикри мавсуф,  дар ҷомеаи имрўза барои пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон муҳим мебошад. Зеро онҳо  дар тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатӣ дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб гузоштаанд, ки баробар ба садсолаҳо мебошад.

Июнь 23, 2021 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад