Дар панҷ ноҳияи Тоҷикистон Марказҳои нави ҳамкории милитсия бо ҷомеа ифтитоҳ гардиданд

Июнь 23, 2021 12:29

ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои Қубодиён, Ҷайҳун, Фархор, Истаравшан ва Исфара 21-уми июн панҷ  Маркази нави ҳамкории милитсия бо ҷомеа (МҲМҶ) ифтитоҳ гардиданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

МҲМҶ барои Гурӯҳҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа (ГҲМҶ) иборат аз намояндагони ҷомеа ва кормандони милитсия, ки барои муайян ва ҳалли мушкилоти амнияти маҳаллӣ дар якҷоягӣ кор мекунанд, ҷой таъмин мекунад.

Ногуфта намонад, ки ҳамкории милитсия бо ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти милитсия ба ҳисоб меравад. Натиҷаи самараноки ҳамкорӣ хизматрасонии босифати милитсияро ба аҳолӣ таъмин намуда, мушкилоти дар ҷомеа ҷойдошта бо дарназардошти умедвории аҳолӣ ҳал карда мешавад. Таъсиси ҷомеаи бехатар, ки дар он инсон аз тамоми ҳуқуқ ва озодиҳояш бархурдор мебошад ва ҳеҷ гуна хатарро эҳсос наменамояд, мақсади ниҳоии ҳамкории мазкурро ташкил менамояд. Дар ҳамин замина қайд намудан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар суханрониҳои худ ҳангоми вохӯрӣ ва суҳбатҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зичи онҳоро бо аҳолӣ таъкид ва талаб менамоянд.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкории судманди байни кормандони милитсия ва ҷомеа, дар партави омӯзиши Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия бо дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода   ва дар асоси нақшаи фаъолияти якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (SAFERWORLD) корҳои назаррас дар ин самт ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, дар партави Стратегияи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2013-2020 ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ такмил ва бозсозӣ гардиданд.

Ҳамзамон, вобаста ба тайёркунӣ ва бозомӯзии кадрҳо низоми таълим дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ такмил дода шуда, садҳо кормандони милитсия ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Сохтмони биноҳои минтақавии милитсия, бинои замонавии Академия, факултети фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, Маркази муқовимат ба экстремизм, терроризм ва сепаратизм ва таъмиру азнавасозии садҳо биноҳои маъмурӣ, маишиву ёрирасон барои таъминоти базаи моддиву техникии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ мусоидат намуда, дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони милитсия дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ҷиноят ва ҷинояткорӣ нақши калидӣ доранд.

Ташкилоти «Дунёи бехатар» (SAFERWORLD) дар ҳамкорӣ бо мақомот зиёда аз 3000 шаҳрванд, аз он ҷумла кормандони милитсияро дар бораи принсипу воситаҳои ҳамкории милитсия ва ҷомеа, сулҳкорӣ, мусоидат ба муколама ва таҳлили муноқишаҳо таълим додааст. Ҳамчунин, ташкилоти мазкур 37 гурӯҳи ҳамкории милитсия ва ҷомеаро ташкил намуда, барои онҳо дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар минтақаҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷойгиршуда, Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ифтитоҳ  намудааст.

Барномаи Ҳамкории милитсия ва ҷомеаи Сафорати ИМА соли 2010 оғоз ёфта, Барномаи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд. То ҳол Сафорати ИМА 37 Гурӯҳҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеаро таъсис ва дастгирӣ намуда, 54 Маркази нави ҳамкории милитсия бо ҷомеаро дар саросари кишвар сохтаву таҷдид кардааст.

Июнь 23, 2021 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид