Дар Рӯшон Озмуни ҷумҳурияви «Библиомарафон» дар сатҳи ноҳиявӣ баргузор шуд

Июнь 9, 2021 11:09

ДУШАНБЕ, 09.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар китобхонаи бачагонаи ноҳияи Рӯшон Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» дар сатҳи ноҳиявӣ доир гардид, ки дар он 14 нафар довталаб аз муассисаҳои таълимӣ – аъзоёни китобхонаҳо барои роҳхат гирифтан ба даври вилоятӣ савияи дониш ва маҳорати суханварии худро санҷиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мувофиқи ҷамъбасти баҳогузории ҳайати аъзои ҳакамон ду нафар иштирокчии озмун хонандаи МТМУ №9 Муҳайёи Гулрух ва толибаи МТМУ №17Шукрона Таваккалова ба даври дуввум, яъне вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Иштирокдорон ва ҷоизадорон аз ҷониби масъулини китобхонаи бачагона бо ифтихорномаҳо қадр карда шуданд.

 Бояд зикр намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» моҳи июл дар маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ бо иштироки ғолибони даври аввал баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» моҳи май оғоз гардида, дар арафаи таҷлили рӯзи истиқлолият ҷамъбаст мегардад.

Баргузории озмуни мазкур бар зиммаи раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанг ва китобхонаҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вогузор карда шуда, раёсати санъат, шуъбаи маориф ва илм, муассисаҳои таълимӣ ва санъати вазорат ҷиҳати ташкили барномаи консертӣ ва мукофототонидани ғолибони озмун мусоидат менамоянд.

Озмуни мазкур аз рӯи наминаи «Хонандаи беҳтарини китобхона» доир гардида, дар он толибилмони синфи 6 муассисаҳои таълимӣ – хонандагони китобхонаҳо иштирок менамоянд. Мувофиқи низомномаи озмун, довталабон бояд дар рафти озмун беш аз 5 китоби бадеиро мутолиа ва зиёда аз 10 шеър дар васфи китоб аз ёд карда бошанд. Зиёда аз 50 китоб аз адабиёти классикӣ, муосир ва бачагонаи тоҷик мутолиа карда, вобаста ба мавзуъҳои Истиқлолият, сулҳу ваҳдат, муқаддасоти миллӣ, ҷашну санаҳои таърихию фарҳангӣ, қаҳрамонони Тоҷикистон ва халқи тоҷик, мавқеи ҷуғрофии кишвар маълумоти кофӣ дошта бошанд.

Озмун дар се давр баргузор гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳру навоии кишвар, даври дуввум дар сатҳи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври саввум рӯзҳои 2 — 3 сентябри соли равон дар китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ ба номи Мирсаид Миршакар баргузор гардида, маросими ҷамъбаст ва мукофотсупорӣ 4 сентябр бахшида ба Рӯзи китоб дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода сурат мегирад.

АКСҲО аз МИҲД-и н. Рӯшон

Июнь 9, 2021 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад
29 июл дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Донишгоҳи технологӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад