Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Сарвазири Ӯзбекистон

Июнь 5, 2021 17:10

ДУШАНБЕ, 05.06.2031. /АМИТ «Ховар»/. 5 июни 2021 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Сарвазир – Вазири сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзаков, ки бо сафари якрӯзаи корӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 дар назар дошта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин шарикии ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

Июнь 5, 2021 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд