Тоҷикистон ва БОР барои хариди ваксинаи зидди COVID-19 Cозишномаи грантӣ имзо намуданд

Июнь 22, 2021 16:38

ДУШАНБЕ,22.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ба имзо расонида шуд. Дар ин бора аз Вазорати молияи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Маблағи умумии Лоиҳа 26,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 25,0 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантиии Бонки Осиёии Рушд ва 1,8 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа хариди ваксинаҳои зидди COVID-19 дар ҳаҷми 3,4 миллион воя (доза) бо қуттиҳои бехатарӣ ва сӯзандоруҳо, хариди дигар таҷҳизоти тиббӣ, инчунин анҷоми тадбирҳо вобаста ба амалӣ намудани барномаи эмгузаронӣ ва идоракунии лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Акс аз Вазорати молияи Тоҷикистон

Июнь 22, 2021 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард