Тоҷикистон ва Италия ройзаниҳои сиёсӣ баргузор карданд

Июнь 24, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Италияро Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Манлио ди Стефано роҳбарӣ намуданд.

Ҳайатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангу маориф ва амниятро баррасӣ карда, дар бораи аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташуда дар сатҳи олӣ ва баланд мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ карданд.

 

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Июнь 24, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори Тоҷикистон дар Форуми глобалии энергетикӣ дар шаҳри Вашингтон муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Фарҳангу таърихи Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишгоҳи ADA-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Дар шаҳри Гроднои Беларус мероси фарҳангии халқи тоҷик муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо имкониятҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва илмии музофоти федеролии Саарланди Олмон шинос шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баланд арзёбӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ гардид
Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи СММ оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ дар Женева иштирок дорад
Дар Москва машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор шуд