ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ. Расо 20 сол қабл дар ҳамин рӯз Созмони ҳамкории Шанхай таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 июни соли 2021 ба таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай расо 20 сол пур шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз, 15 июни соли 2001 дар мулоқоти сарони давлатҳои Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баёния дар бораи таъсиси СҲШ имзо карда шуд. Соли 2017 Ҳиндустон ва Покистон ба узвияти СҲШ пазируфта шуданд.
Дар тӯли 20 сол СҲШ дар сиёсати дохилӣ «рӯҳияи Шанхай»-ро пайгирӣ карда, дар корҳои хориҷӣ принсипҳои напайвастан, хусусияти зидди кишварҳои сеюм надоштан ва ошкоро буданро риоя кардааст.
Имрӯз СҲШ ҳамчун як созмони байниҳукуматии сатҳи ҷаҳонӣ, ки дорои 8 кишвари узв, 4 давлати нозир ва 6 давлати шарики муколама аст, фаъолият дошта, дар ҳалли масъалаҳои АвруОсиё ва байналмилалӣ як нерӯи муҳими созанда мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 СҲШ-ро Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ мекунад. Саммити ҷашнии СҲШ рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.








Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид






