Шаш ширкати нави сайёҳӣ вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Шаш ширкатаи нави сайёҳӣ — «Дамир», «Саёҳати Диёр», «Сайри Дарвоз», «Айён», «Иттиҳодияи илми истеҳсолии Асил» ва «Тоҷик Тур» вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Бо мақсади мусоидат дар роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида, ҷамъ ба 228 ширкати сайёҳӣ иҷозатнома дода шудааст. Аз ин шумора 30 ширкати сайёҳӣ соли 2020 ва 12 ширкат соли 2021 таъсис ёфтаанд», -афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки роҳбарони ширкатҳои сайёҳии навтаъсис аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос карда, барои рақобати солим бо омодасозии барномаҳои ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои ҷалби бештари сайёҳон омодагии худро изҳор доштанд.
Дар заминаи имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш ёфта, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ бахши сайёҳӣ зиёд гардид ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан устувор гаштани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат таъсири мусбат расонида истодаанд.
Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






