ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ховалинг ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ 300 иншоот ба истифода супорида шуданд

Июль 26, 2021 13:49

ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи баландкӯҳи Ховалинг қариб 300 биною иншооти ҷашнӣ ба истифода супорида шудаанд.

Сармеъмори ноҳияи Ховалинг Иноятулло Ҳоҷизода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бунёди биною иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлоли давлатӣ дар асоси “Барномаи рушди корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Ховалинг дар давраи солҳои 2018-2021” дар доираи талаботи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 майи соли 2018 «Оид ба омодагиҳои ҳамаҷониба бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда шудаанд.

“Тибқи Барномаи рушди корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Ховалинг дар давраи солҳои 2018-2021 сохтмони 330 бинову иншооти дорои таъйиноти гуногун пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ то имрӯз дар 300  бинову иншоот ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамзамон корҳои сохтмонӣ дар дигар  иншооти давлатию хусусӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти Шугнов, Ғаффор Мирзо, Лоҳутӣ, Ҷомбахт, Ховалинг ҳоло босуръат идома доранд”,-афзуд Иноятулло Ҳоҷизода.


Мавсуф иброз дошт, ки бо мақсади ободу зебо гардонидани марказ ва маҳаллаю деҳоти ноҳия дар доираи омодагӣ ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ биною иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маишӣ ва хизматрасонӣ, назири Боғи фарҳангу фароғатӣ бо ҷойгир намудани Парчам ва  Нишони давлатӣ, Амфитеатр, 5 варзишгоҳи хурд, толори варзишӣ, майдони бозиҳои кӯдакона, майдончаҳои варзишӣ, ҳаммом,  сартарошхона, кошонаи ҳусн, нонвойхона, дорухона, меҳмонхонаҳои замонавӣ, маркази омӯзиши  забонҳо, мактаб, синфхонаҳои иловагӣ, маркази саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, осорхона, китобхона, тӯйхона, чойхона, гӯшаи деҳқон, пул,  сохтмони чоҳҳои амудӣ, маҷмааи бисёрошёнаи хонаҳои истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ, мағозаи фурӯши молҳои омехта ва сохтмонӣ, конселярӣ, бинои Ҷамоати деҳоти Шугнову Лоҳутӣ, бинои филиали «Амонатбонк» ва дигар марказҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба истифода дода шудаанд. Бунёди иншооти дорои  таъйиноти гуногун ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони ин ноҳияи кӯҳистон ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, инчунин баланд гардидани вазъи иқтисодии ноҳия мусоидат менамояд.


Ҳамзамон бо мақсади татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии босуръати мамлакат дар ноҳияи Ховалинг, ки дорои имконияти фаровони истеҳсолию кишоварзист, сохтмони корхонаю коргоҳҳои хурди саноатию истеҳсолӣ, аз қабили коргоҳҳои коркарди шир, макарон, қаннодӣ, мевахушкнамоӣ,  истеҳсоли обҳои нӯшокӣ, коркарди чӯб,  дӯзандагӣ, хиштбарорӣ, нуқтаи таъмири мошинҳо, комплекси чорводорӣ ва дӯкони мевафурӯшӣ, фабрикаи парандапарварӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва дигар коргоҳҳои хурд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия нақши муассир мебозанд.


Дар раванди корҳои бунёдкорӣ вобаста ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг новаҳои обгузари кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаю маҳаллаи сохтмончиён ва хатҳои барқ навсозӣ, қубурҳои оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия иваз карда шуданд. Инчунин роҳҳои байни кӯчаю маҳаллаҳо таъмир ва мумфарш, роҳҳои байни деҳаҳо сангфарш, кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия чароғон гардиданд.

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳадафаш баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми деҳот, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ  ва наздик сохтани симои деҳот ба шаҳр мебошад, дар ноҳияи Ховалинг сохтмони 4  маркази савдою хизматрасонӣ бо ҷойгир намудани дастгоҳҳои дӯзандагӣ, дорухона ва ошхона, инчунин маркази  ҳунарҳои халқӣ  ва мағозаи фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон таъсис дода шудаанд, ки ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи он дар ин ноҳияи баландкӯҳи кишвар мусоидат менамоянд.


Бо назардошти имконияти хоси сайёҳӣ ва манзараю табиати нотакрори Ховалинг бо мақсади ҷалб ва қабули  ҳарчӣ бештари  сайёҳон дар ноҳия 5 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, инчунин тарабхона, мағозаи фурӯши армуғон бунёд карда шудаанд, Меҳмонхонаи «Манзара», ки дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ ҷойгир аст, дорои 32 ҳуҷра буда, имкони дар як вақт ба 100 нафар хидмат расонидан дорад. Тарҳу намои бино ба талаботи меъморӣ ҷавобгу буда, дар он тамоми унсурҳои миллӣ ба инобат гирифта шудаанд. Инчунин дар маркази ноҳияи Ховалинг  меҳмонхонаи замонавии «Чилчанор»    ва дар Дараи Мухтор меҳмонхонаи «Восеъ» ба истифода дода шудаанд, ки дар рушди инфрасохтори бахши сайёҳии ноҳияи Ховалинг нақши арзишманд мегузоранд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2021 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия