Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар нишаст муовинони вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо ширкат варзиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷониби Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ намуд.
Иштирокдорон атрофи мавзӯоти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19, мубориза бо чолишҳои амниятӣ ва таъмини талошҳои муштарак дар самтҳои мавриди эҳтимом табодули афкор намуданд. Ҳайатҳо перомуни пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист низ ибрози андеша карданд.
Дар интиҳо доир ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии сатҳи баланд дар чаҳорчӯби ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон, ҳамчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки авлавиятнок мубодилаи афкор сурат гирифт.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






