Авзои сиёсию амниятии Афғонистон ба ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон халал эҷод накардааст

Июль 14, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба авзои сиёсию амниятии Афғонистон ҳамлу нақли байналмилалии бору мол тавассути марзи Тоҷикистон ва Афғонистон халалдор нагардидааст. Тавре имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, танҳо 13 июл тавассути гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён-Шерхонбандар 51 мошини ҳомили бор аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва 71 мошин бор аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.

Вазири нақлиёт афзуд, ки интиқоли бору мусофирон дар самти байналмилалӣ тариқи 18 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ пешбинӣ шуда, бо сабабҳои пешгирии бемории сироятии СOVID-19 тариқи 9 гузаргоҳ ҳамлу нақл ба роҳ монда шуд. Дар ин давра 965,3 ҳазор тонна бор бо гардиши 1513,7 миллион тонна/км ва 0,7 ҳазор мусофир бо гардиши 0,5 миллион мусофир/км интиқол дода шудаанд, ки нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2020 боркашонӣ 124,6 фоиз, гардиши бор 115,1 фоиз, мусофирбарӣ ва гардиши мусофирон 1 фоизро ташкил дод.

Дар нишаст гуфта шуд, ки ба ҳолати якуми июли соли равон дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилии кишвар 1746 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 210 корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ (84 адад мусофирбар, 93 адад боркаш ва 33 адад омехта боркашу мусофирбар), 51 терминали мусофирбарӣ, 11 терминали боркашонӣ, 1397 нуқтаи таъмир ва хизматрасонии техникии таъмири нақлиёт ва 77 қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ, инчунин 897 хатсайри мусофирбарӣ (179 шаҳрӣ, 582 наздишаҳрӣ, 119 байнишаҳрӣ ва 17 байналмилалӣ (муваққатан бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 фаъолият намекунанд) ба қайд гирифта шудаанд.

Июль 14, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид