Бо дастгирии Пешвои миллат манзилҳои аз заминларза зарардида дар муддати кӯтоҳ барқарор мегарданд. Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2021 10:16

РАШТ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  бар асари заминларзае, ки 10 июл,  соати 7:14 дар Тоҷикистон ба вуқӯъ омад, ба биноҳои истиқоматӣ ва иншооти  ёрирасони сокинони Ҷамоати деҳоти Лангари шоҳи ноҳияи Тоҷикобод  ва ҷамоати Аскалону  Ҳиҷбораки  ноҳияи Рашт  хисорот ворид гардид. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ситоди фаврӣ ташкил гардида, намояндагони он аз маҳалли ҳодиса дидан намуданд.

Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони деҳаҳои Бӯстон (собиқ деҳаи Кӯли боло), Сари чашма ва Кӯли калони  ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод ва мардуми зарардидаи  ноҳияи Рашт  вохӯрӣ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мушкилоти ҷойдошта бартараф гардида, дар кӯтоҳтарин муддат манзилҳои зарардида барқарор мегарданд.

Ба иттилои масъулини  бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, бо супориши Пешвои миллат гурӯҳи босалоҳият дар ҳайати кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар идораҳои дахлдор дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва   Рашт зарари расидаро муайян намуда истодааст. Зарардидагон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, аз тарафи Агентии  захираҳои  моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо хайма ва хӯроки гарм таъмин гардиданд.

Дар навбати аввал, ба ҳар оилаи зарардида маводи зарурӣ, аз қабили орду равған, шакар, биринҷ, макарон, ниқоб ва маводи антисептикӣ  дастрас гардидааст. Кумакҳои аз ҷониби ноҳияҳои ҳамсоя ва шахсони саховатпеша воридгардида низ аз тарафи комиссия қабул шуда,  ба сокинони зарардида одилона тақсим мегарданд.

Тибқи  маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зилзила дар километри 165-уми қисмати  шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21 км то ноҳияи Рашт дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод дар чуқурии 10 км ба вуқӯъ пайвастааст, ки қувваи он 5,9 баллро ташкил медод. Мутаассифона, бар асари заминларза хисороти  ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд. 5 нафар сокини деҳаи Бӯстон (собиқ деҳаи Кӯли боло)-и Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод зери хок монда, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин дар деҳаҳои Бӯстон, Сари чашма ва Кӯли калони  ноҳияи Тоҷикобод  ва деҳаҳои ҷамоатҳои Аскалону  Ҳиҷбораки  ноҳияи Рашт ба манзили истиқоматии сокинон ва хати барқу алоқа осеб расидааст.

Роҳбари шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияи Рашт Мирзоумар Сайдаҳмадов  иброз дошт, ки дар натиҷаи заминларзаи 10 июли соли равон  хатҳои барқи ҳудуди Ҷамоати деҳоти Аскалону  Ҳиҷбораки  ноҳия ба садама дучор  шуданд. Худи ҳамон рӯз гурӯҳи корӣ аз ҳисоби  мутахассисони  шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳия ва минтақаи Рашт ташкил гардида, дар ҳудуди ин ҷамоатҳо 5 адад симчӯби хатти барқи 10-киловолта ва  7 адад симчӯби хатти барқи 04-киловолтаро сари вақт барқарор намуда,  аҳолии ин ҷамоатҳо  сари вақт бо барқи доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин хаймаҳои оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра зарар дидаанд, ба барқи доимӣ пайваст гардидаанд. Дар айни замон онҳо мушкилӣ надошта, зери назорати доимии  кормандони барқ қарор доранд.

Ҳамчунин аз тарафи мутахассисони шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияи Тоҷикобод сокинони зарардидаи ҷамоати Лангари Шоҳ, ки дар хаймаҳо ҷойгир шудаанд,  бо қувваи барқ пурра таъмин шуданд. Гурӯҳҳои  сайёри табибони ноҳияҳои мазкур  барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар деҳаҳои офатзада  ба мардум сари вақт хизмат  расонида истодаанд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳама кӯшишро баҳри дастгирии мардум равона намуда, дар паҳлуи онҳо қарор дорад. Зарардидагони ҳодисаи табиии мазкур аз кумаку дастгириҳо ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз сиёсати ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, сидқан изҳори миннатдорӣ менамоянд.

Аз Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт  иттилоъ доданд, ки  дар рӯзи сар задани заминларза табибони беморхонаи мазкур 7 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикободро, ки дар заминларза осеби ҷисмонӣ дида буданд, қабул намуда, ба онҳо кумаки саривақтӣ расониданд. Аз ин 7 нафар осебдидагон 4 нафар кӯдак, 2 нафар калонсол ва як нафар духтари наврас мебошад, ки  ҳамаи онҳо аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор гардиданд. 5 нафари онҳо бо хуб шудани вазъи саломатӣ ба хона рухсат гирифтанд. Айни замон 2 нафар  бо ҷароҳатҳои сабук зери назорату табобат қарор дошта, хушбахтона,  вазъи саломатияшон хуб мебошад.

 

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ
«Ховар»

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод

Июль 14, 2021 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта мешавад
Дар Муъминобод барои дастгирии занони ҳунарманд Маркази «Чирадаст» таъсис дода шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Рӯшон таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
Дар нимсолаи якуми соли 2026 беш аз 40 баҳси шаҳрвандон бо ширкатҳои сохтмонӣ бо роҳи созиш ҳал гардид
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ тақвият мебахшанд