Дар Душанбе Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат бунёд мегардад. Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаи ангоравии идомаи сохтмони нотамоми Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ аз ҷониби КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.
Тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 дастуру супориш доданд, ки баҳри пешгирӣ ва табобатӣ касалиҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ беморхонаҳои сироятӣ сохта бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода дода шаванд. Сохтмони Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳрӣ барои 1200 кат дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои пойтахт низ дар асоси ҳамин дастуру супоришҳои Президенти мамлакат сурат гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки 16 июни соли равон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятиро, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, ба истифода доданд. Бинои беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат дар давраи пандемияи бемории сироятии Ковид-19 бунёд гардида, барои саривақт табобат кардани маризоне, ки ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудаанд, шароити муосир фароҳам омад.
Ифтитоҳи беморхонаи мазкур бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, он аз 5 ошёна иборат аст.
Тибқи лоиҳа Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара дорои 200 кат буда, барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имкониятҳои васеъ фароҳам аст.
Ошёнаи якуми беморхона 18 ҳуҷраи корӣ дошта, дар он шуъбаи қабул, ҳуҷраҳои функсионалӣ, шуъбаҳои эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ ва паразитологӣ, ҷойгир мебошанд. Дар ошёнаи дуюм 19 ҳуҷраи корию ташхисӣ, шуъбаҳои табобатӣ, кӯдакона, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд, бунёд шудааст.
Ошёнаи чоруми беморхона аз 29 ҳуҷра иборат буда, дар он бемориҳои зардпарвин ва касалиҳои сироятии махсусан хафнок табобат карда мешавад. Дар маҷмуъ беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дорои қариб 120 ҳуҷра барои беморон мебошад.








Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд






