Дар Душанбе корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 93,4 фоиз иҷро гардидаанд
ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе иборат аз 4201 номгӯй чорабиниҳои гуногун ба тасвиб расида буд. То 1 июл дар шаҳри Душанбе 3924 банди он иҷро карда шуд, ки ин 93,4 фоизи иҷрои нақшаи умумиро ташкил медиҳад. Дар ин бора 29 июл муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода зимни нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба рӯзноманигорон хабар дод.
Мавсуф иброз намуд, ки дар яке аз иншооти муҳими ҷашнӣ, яъне «Майдони истиқлол» корҳо дар самти бартараф кардани 294 иншоот ба итмом расида, корҳои бунёди манора дар ҳаҷми 60 фоиз ва корҳои ободонӣ дар ҳаҷми 80 фоиз иҷро гардидаанд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар ин давра бунёди 9 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7284 ҷой, 9 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1480 ҷой, 6 адад маркази ташхисию табобатӣ, 39 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, сохтмони 152 адад бинои баландошёна бо ҷойгиронии 117 адад марказҳои савдою хизматрасонӣ, 13 адад биноҳои мақомоти дахлдори давлатӣ, 61 адад майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакона, 7 адад гулгашт, 4 адад толори варзишӣ, 4 адад ҳаммом, 5 адад сардхона ва анборхона, таъмири 105 адад хобгоҳҳо, таъмиру навсозии роҳҳо бо дарозии 140,2 км (478575 м2), таъмир ва рангубори обравҳо, сангканораҳо, қуттиҳои партовҷамъкунӣ, иваз намудани истгоҳҳои трансформаторӣ, симчӯбҳо, симҳои луч, шинонидани ниҳолҳо ва гулҳои мавсимӣ, майсазоргардонӣ, рангубори 2140 адад биноҳо, навсозии 507 адад нуқтаҳои партовпартоӣ ва якчанд корҳои дигар амалӣ карда шуданд.
Амирхон Қурбонзода зикр намуд, ки яке аз соҳаҳои муҳим барои бо ҷой кор таъмин намудани сокинон- ин саноатикунони мамлакат мебошад. Дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби 526 адад корхонаҳои саноатӣ, новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119,6 фоизро ташкил дод.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ, таъмир ва навсозӣ дар 12 иншоот барои 13900 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шудаанд.
Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки бо ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистон ва Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳо дар қитъаҳои 2 ва 3 бо дарозии 4,2 км бо маром идома доранд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






